22:41:44 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 26 27 28 29 30

«Парасту 2017»: «Модар – Ватан»

Шоми рӯзи 19.04.2017 дар чаҳорчӯбаи Фестивал-озмуни «Парасту 2017» дар бинои Театри давлатии ҷавонони ҷумҳури ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом «Модар – Ватан» баргузор гардид. Муаллиф, коргардон ва иҷрокунандаи чанд нақши ин спектакл драматурги ҷавон ва ҳунарманди боистеъдод Муҳиддин Музаффар мебошад. Муҳтавои намоишномаро дар муроҷиат ба тамошобин дастандаркорони он дар даъватномаи ин спектакл дар ду- се ҷумла чунин нигоштаанд: «Барои раҳоӣ ёфтан аз боздоштгоҳи муваққатии Маскав се муҳоҷири тоҷик омодаанд, ки ҳамдигарро бифурӯшанд… Шумо дар симои се муҳоҷир, ки ба хотири манфиати шахсӣ, манфиати куллро намебинанд ва аз ҳамин рӯ ҳам шикаст мехӯранд, тақдири миллатро мебинед… Маҳз ҳамин нукта: иттифоқ набудан, миллати тоҷикро дар тӯли асрҳо шикастааст… Он воқеъаҳои тақдирсозро низ маҳз дар намоишномаи «Ватан –Модар» мебинед.

Сарзамину истиқлоли ин кишвар осон ба даст наомадааст, барои ҳимояи он ту низ масъулият дорӣ- мегӯяд ба тамошобин намоиш».

Лаҳзаҳоеро аз ин намоишнома манзури Шумо, дӯстони азиз, мекунем.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi