01:16:53 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи ҶДММ “Меваи Қанд”-и шаҳри Конибодом

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи қанди шаҳри Конибодом, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣҲомид Ёқубов бунёд гардидааст, аз наздик шинос шуд.

000014Тавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корхона бо арзиши лоиҳавии наздики 3 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он анвои мухталифи меваи хушк, ба монанди зардолу, баргак, хушкмева, чормағзи заминӣ ва ғайра коркард мешавад.

Танҳо дар коргоҳи бандубасти меваи хушк 40 нафар сокини маҳаллӣ, ки асосан занону бонувони хонашин мебошанд, бо ҷойи кор ва маош таъмин гардидаанд. Дар сурати ба кор андохтани навбати дуюми коргоҳ, боз 30 нафари дигар бо кор таъмин карда мешавад.

Фаъолияти ин коргоҳ, аз марҳилаҳои шустушӯй сар карда, то ба навъҳо ҷудо намудану хушконидан ва бастабандии маҳсулот бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Иқтидори Корхона дар як шабонарӯз метавонад то 5 тонна меваи хушкро коркрд намояд.

Роҳбариятикорхонаталаботбаинмаҳсулотродарбозорҳоикишварҳоихориҷсанҷида, дарояндаҳамзамонсодиротионробаРусиявадигракишварҳобароҳмонданианд.

Соҳибкорони ватанӣ мақсад доранд, ҷиҳати таъмини бемайлони корхона бо маҳсулоти хом ва васеътар ба роҳ мондани фаъолияти он дар майдони 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси корхона ва нақшаҳои нав баҳри бунёди коргоҳҳои дигар, инчунин таъмини сокинон бо кор ба соҳибкорон барору муваффақият орзу намуд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi