19:32:11 25-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ифтитоҳи корхонаи коркарди нафти «Нафтрасон» дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом

Ҳар як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ пайки шодию нишот ва оғози корҳои ободонию созандагист.

000013.jpgДар шаҳри Конибодом сокинон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар ин рӯз Пешвои миллат дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон, ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.

Арзиши лоиҳавии корхона 3,5 миллион доллари амрикоӣ буда, он дар ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудааст.

Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи пуриқтидори тавлиди маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо кордонии соҳибкори ватанӣ Носир Усмонов роҳандозӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо иқтидор ва имконоти корӣ Президенти мамлакат нахуст ба низоми фаъолият ва сифатнокии тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ аз нафт мароқ зоҳир намуда, барои ҷорӣ кардани технологияи ҳозиразамони тавлиди маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳамасола ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол хоҳад кард.

Бо фаъол шудани ин корхонаи нави истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Сокинони маҳаллӣ бо омӯзиш ва азхудкунии нозукиҳои кор бо шуғл фаро гирифта шудаанд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон ба истеҳсоли бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ ва мазут машғул мегардад.

Тавре иттилоъ дода шуд, таъминоти ашёи хоми корхона асосан аз хориҷа, махсусан аз Ҷумҳурии Қазоқистон сурат мегирад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi