16:29:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Пардабардорӣ аз рӯи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ

Дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуд.

00009.jpgТавре маълум гардид, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хиёбони марказӣ дар шафати боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳрак бунёд шудааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии Муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ бо таҳкурсиаш 12 метрро ташкил медиҳад ва он аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев сохта шудааст.

Хиёбони марказӣ ва боғ, ки муҷассама дар он қомат афрохтааст, аз таъмиру таҷдид бароварда шуда, ба як мавзеи дилфиреб ва маҳалли сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.

Бинои Қасри фарҳанги ноҳия ҳам дар даруни боғ аз нав таъмир гардидааст. Аз тарафи соҳибкор Мирзораҳим Шарифов чойхонаи нави миллӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Арзиши умумии корҳои навсозӣ ва сохтмони иншоот дар маҷмуъ 17 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо баъди ифтитоҳи иншооти нав ва шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғати сокинон бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ суҳбати самимӣ доир кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣҳозиринро бо фарорасии фасли зебои баҳор, наврӯзи ҷаҳонишудаи тоҷикон, ҷашнҳои бузурги дар пешистода ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат ба соҳибкорони ватанӣ, ки барои ободонии диёри хеш саҳми муносиб гузоштаанд, изҳори сипос намуд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри рушди ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ кард.

Сокинони ноҳия дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориашон миннатдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi