20:17:48 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пешвои миллат ба бунёди шаҳраки «Меҳробод» дар ноҳияи Мастчоҳ оғоз бахшид

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошт.

00007.jpgТавре ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, шаҳраки нав дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Суғдиён» бунёд меёбад.

Нақшаи генералии шаҳраки «Меҳробод» аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Тибқи нақша дар шаҳраки «Меҳробод» 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад.

Дар даромадгоҳи шаҳраки «Меҳробод» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди се иншооти муҳим, аз ҷумла мактаб, беморхона ва боғчаи кӯдакона асос гузошт.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур дод, ки шаҳр мутобиқи тамоми қоидаҳои шаҳрсозӣ босифат бунёд гардад ва он бояд садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.

Дар ин мавзеъ аллакай 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, хатҳои интиқоли барқ ва лулаҳои об кашида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо сокинони «Шаҳраки Сомониён», ҷамоати деҳоти «Палдорак», «Бӯстон» ва «Оббурдон» бо замин таъмин карда шуданд.

Ин тадбири хеле олиҳимматонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ гардид.

Сокинони ноҳия барои чунин ғамхориҳо ба Сарвару Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi