Иди модарон, муборак!
Имрӯз ҳавои Ватани азизи мо чун чеҳраҳои модарон, хоҳарон, фарзандон ва бонувони азизи мо гарму офтобиву нурбор аст. Кучаҳову хиёбонҳоямон ҳам аз сабзаву дарахтони пургулу ҳам аз сарвқоматони хиромон дучанд зеботар ба назар мерасанд.
Шукронаи Худои бузургро мекунем, ки чунин рӯзи хуберо дар ин рӯзи хурсандӣ насибамон кардааст. Модарон, хоҳарон, фарзандон, бонувони азиз, фарорасии Иди модаронро барои ҳама Шумо муборакбод мегӯем ва бароятон аз Худои бузург пеш аз ҳама тани сиҳату дили шод, бахту саъодат, рӯзгори хуш ва хонаи ободро таманно дорем. Илоҳо, гули муроду орзуҳоятонро пурбор бинед!