04:11:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

100 НАФАР КОРМАДОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО БА УЗВИЯТИ ҲХДТ БАХШИДА БА РӮЗИ САРҚОНУН

Дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои ҶТ бо иштироки аъзои Академияи илмҳо, директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, муовинони директорон, котибони илмӣ, сармутахассисон ва ходимони дигари илмӣ, магистрон ва аспирантони муассисаҳои илмӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 21 – умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун) - и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

sarqonun_87456556.jpgМаҷлиси тантанавиро президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва мазмуни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти он дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа ибрози андеша намуд.

Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқ Л. Нусратов дар мавзӯи “Нақши идеологии Конститутсия (Сарқонун) - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳаввули шуури ҳуқуқии халқи тоҷик” ва номзади илмҳои ҳуқуқ Г. Маликов дар мавзӯи “Таъсири ҳукумати электронӣ ба ташаккули меъёрҳои конститутсионалӣ” суханронӣ намуда, аҳамияти арзишҳои умумибашарии Сарқонунро ҷиҳати баланд бардоштани шуури ҳуқуқии мардуми тоҷик ва таъсири  ҳукумати электронӣ дар амалӣ намудани муқаррароти Сарқонун баён намуданд.  

Дар охир 100 нафар кормандони Раёсати Академияи илмҳо ва зерсохторҳои он ба сафи узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул шуданд.

Шервони УМРИДДИН, рӯзноманигори хадамоти матбуотии АИ ҶТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi