21:07:42 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нигаронии Иттиҳодияи Байналмиллалии Ҳуқуқдонҳо аз маҳкумияти Қудратов

Иттиҳодияи байналмиллалии ҳуқуқдонҳо аз ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва муъовини раиси ҳизби мухолифи сусиол демукроти Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.

shuhratqudratov_32569855.jpgИн ниҳоди байналмиллалӣ бо интишори баёнияе навишта "IBAHRIT ё Иттиҳодияи байналмиллалии ҳуқуқдонҳо аз маҳкум шудани Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони барҷастаи мудофеъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нигарон аст. Ӯ рӯзи 13-уми январ дар тақаллуб ва ришвахорӣ муҷрим дониста шуда ва барои нуҳ сол равонаи зиндон шуд."

Дар баёнияи Иттиҳодияи ҳуқуқдонҳо таъкид мешавад, ки оқои Қудратов яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, вазири пешини саноеъи Тоҷикистон буд, ки дар моҳи декабри соли 2013 ба 26 сол зиндон маҳкум шудааст.

Баёния меафзояд: "Оқои Қудратов аз мушкилоти вуҷуддошта дар раванди баррасии ин қазия ва дар бораи таҳдидҳое ки нисбат ба ӯҳамчун вакили мудофеъи ин парванда ворид мешуд, ба сурати аланӣ интиқод мекард."

Ҳелено Кенедӣ, яке аз раисони IBAHRIT дар ин баёния навиштааст, мавриди нигаронӣ он аст, ки боздошт, таҳқиқи парванда ва маҳкумияти Қудратов ба изҳороти умумии ӯ дар робита ба парвандаи пурсарусадои Зайд Саидов марбут аст. Чунин амр муғоир бо усулҳои асосии Сомзмони Миллал аст, ки мегӯяд: Давлатҳо бояд барои вакилони мудофеъ шароити лозим барои анҷоми фаъъолияти касбиашон бидуни таҳдид, монеъа, озор ва ё дахолати бемаврид фароҳам кунанд."

Хонуми Кеннедӣ афзудааст, тибқи усулҳои асосии созмони миллал ҳуқуқдонҳо набояд ба хотири анҷоми кори касбиашон мавриди таҳримҳои иқтисодиву молӣ ва ё таҳдид қарор бигиранд.

Ӯ таъкид кард: "Замонати истиқлол барои касбии ҳуқуқдонҳо шароити бунёдӣ барои таъмини волияти қонун аст ва ба ин хотир ин усул дар сатҳи болотарини байналмиллалӣ гиромӣ дошта мешавад."

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Дидбони ҳуқуқи башар зиндонӣ шудани Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷикро саркуби озодии баён ва истиқлоли тахассуси қонунӣ дар Тоҷикистон хонд.

Стив Свердлов, муҳаққиқи Урупо ва Осиёи Миёнаи Дидбони ҳуқуқи башар дар изҳороти ин созмон гуфтааст: "Мақомоти тоҷик талош карда, яке аз фаъъолтарин ва мустақилтарин ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистонро хомӯш кунанд. Таъқиби Қудратов ба борвари мо ангезаҳои сиёсӣ дошта ва ба истиқлоли тахассуси ҳуқуқдонӣ дар ин кишвар зарба ворид мекунад."

Замоне, ки оқои Қудратов дар тобистонои соли гузашта боздошт шуда буд, ӯ яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонии тоҷик, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар қазияи ӯро низ дорои ангезаҳои сиёсӣ хондаанд, буд.

Чанд рӯз қабл аз боздошташ оқои Қудратов ба созмонҳои ғайридавлатӣ, расонаҳои хабарӣ ва намояндагиҳои диплумотик дар Тоҷикистон изҳороте ирсол кард, ки дар он аз нақзи муқаррароти таҳқиқи парвандаи Зайд Саидов иттилоъ медод. Ӯ дар ин изҳорот ҳамчунин дар бораи ҳамлаҳои пайваста ба ӯ ва аъзои дигари тими мудофеъони Зайд Саидов, аз ҷумла таҳдид барои боздошт гузориш дода буд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi