Маҳфиле бахшида ба ёдбуди Суҳроб Шарифов
Дар маҳфиле, ки дирӯз, 27.01.2015, бо ибтикори Бошгоҳи коршиносони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ «Рушди АвруОсиё» бахшида ба ёдбуди сиёсатшиносу сиёсатмадор, собиқ раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ дар назди Президенти мамлакат, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагони МОТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ шодравон Суҳроб Шарифов дар Душанбе баргузор гардид, дӯстону ҳамкорони марҳум, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, дипломатҳои хориҷӣ, соҳибмансабони ҳукумат, журналистони тоҷик ширкат доштанд.
Аз марги муфоҷои ӯҳафтае сипарӣ шуда бошад ҳам, вале ҳар касе, ки дар бораи ӯ дар ин маҳфил сухан мегуфт, бо андуҳи гароне ибрози андеша менамуд ва буданд нафарҳое аз ҷумлаи суханронҳо, ки наметавонистанд гиряи дар гулӯ мондаро фурӯ бубаранд. Бо рехтани ашки ҳасрат гӯё ба сӯзиши қалб қатраи об мерехтанд.
Ҳама сифати ҷавонмардиву инсондӯстӣ, кордонӣ, ватанпарастӣ ва ахлоқи ҳамидаи ӯро васф мекарданд. Ҳозирин бо пешниҳоди муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфуллоҳ Сафаров Бошгоҳи коршиносони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ «Рушди АвруОсиё» ба номи шодравон Суҳроб Шарифов гузоштанд.
Илоҳо, хонаи охирати ин ҷавонмарди, дар ҳақиқат, сарсупурдаи миллат ободу руҳаш аз мо шод бошад! Омин ё Раббалъоламин!
«Рӯзгор»