07:01:56 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/rustam-rahmatzoda-565452323.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/rustam-rahmatzoda-565452323.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/rustam-rahmatzoda-565452323.jpg'

Раҳматзода: "12 соат барқ гирифтани сокинон дурӯғ нест"

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, сокинони кишвар дар шабонарӯз бо 12 соат нерӯи барқ таъминанд ва ин ҳақиқат аст, на дурӯғ. Вай афзуд, дар ин бора ба раиси ҷумҳур онҳо иттилои расмӣ додаанд.

rustam-rahmatzoda-565452323Рустам Раҳматзода - раиси ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, иттилои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи бо 12 соат нерӯи барқ таъмин будани аҳолии кишвар дар шабонарӯз ҳақиқат аст. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 27 январ суҳбат мекард, гуфт, ин иттилоъро онҳо ба раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд ва агар касе ба дурустияш шубҳа дорад, метавонад рафта аз аҳволи сокинон дар минтақаҳо огоҳ гардад.

Ҷаноби Раҳматзода афзуд, дар гузашта баъзе камбудҳо дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо барқи бештар вуҷуд дошт, вале ҳоло онҳо рафъ шудаанд ва дар шабонарӯз сокинони кишвар 12 соат барқ дарёфт мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз манотиқи кишвар ҳанӯз ҳам сокинон се ё чор соат субҳ ва ҳамин тавр се ё чор соати дигар дар шом барқ мегиранд, ки ин рақам ба 12 баробар намешавад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 январи соли ҷорӣ ҳангоми ироаи паёми солонааш ба парлумон камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистонро мушкили рақами яки кишвар донист ва гуфт, бебарқӣ яке аз монеаҳои рушд мебошад. Ӯ дар идома гуфт, бо ин вуҷуд мақомот тамоми талоши худро хоҳанд кард, то ин мушкил рафъ гардад.

“Каме ҳам бошад, беҳтар шуда истодааст”,-гуфт ӯ ва идома дод, “пештар дар шабонарӯз аз 2 то 4 соат барқ мегирифтем. Худи ҳамин шабу рӯз ба мардум зиёда аз 12 соат барқ дода мешавад. Ғайр аз он ки маркази ҳамаи шаҳрҳои мамлакат бо барқ таъминанд. Ғайр аз он ки ҳамаи корхонаҳо, соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ бо барқ таъминанд.” Вай гуфт, вале рафъи мушкили бебарқӣ танҳо вазифаи ҳукумат набуда, балки сокинон ҳам барои сарфи нерӯи барқ аз технологияҳои каммасрафи барқӣ кор бигиранд.

Президент зикр кард, ки 22 миллион киловат-соат барқи Тоҷикистонро телефонҳои мобил "хӯрдаанд".

Рустам Раҳматзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар посух ба суоли "кай лимит қатъ хоҳад шуд?" гуфт, умед дорад, базудӣ ин мушкил ҳал гардад, вале аз санаву моҳи дақиқе ном набурд. Ӯ гуфт, "ҳоло сатҳи об дар обанборҳо бештар аст ва умед дорам, зудтар лимити барқ қатъ гардад". Вале афзуд, санаи дақиқи қатъи лимитро пешгӯӣ карда наметавонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi