17:09:58 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Маскавиҳо "пазмон"-и роҳрӯбони осиёӣ шудаанд

Бӯҳрони иқтисодӣ ва қонунҳои нав дар Русия муҳоҷиронро аз Маскав "гурезондааст". Ҳоло бо вуҷуди барфи зиёд дар кӯчаҳои пойтахти Русия роҳрӯбони “осиёӣ” дигар тақрибан дида намешаванд.

muhojirat-5481545745Қоҳиши асъори миллии Русия - "рубл" ба ин маъност, ки муҳоҷирони кории Осиёи Миёна акнун назар ба гузашта доллари камтар ба кишварҳояшон интиқол медиҳанд ва ҳамчунин ин сабаб шудааст, то бархе аз муҳоҷирон Маскав ва бархе дигар Русияро тарк кунанд.

Дар кӯчаҳои Маскав бисёре аз сокинон ба хабарнигори мо гуфтанд, тибқи мушоҳидаи онҳо, кӯчаҳои пойтахти Русия зери теппаи барф монда ва касе нест, онро пок кунад. Як рӯзномаи чопи Лаҳистон низ чанд рӯз қабл навишта буд, ронда шудани муҳоҷирони тоҷику узбак аз соҳаи ЖКХ, шаҳри Маскавро зери теппаҳои барф гузошт ва касе набуд, ки кӯчаҳои пойтахти Русияро тоза кунад.

Вақте қурби рубл башиддат поин рафт, ин нирӯи арзони корӣҳам тарки Маскав кард. Ба гуфтаи масъулони Федератсиюни муҳоҷирони Русия, то поёни моҳи декабр 3 миллион муҳоҷир тарки ин кишвар карданд.

Бино ба ҳисобҳо, бо онки шаҳри Маскав ба тақрибан 50 000 роҳрӯб (дворник) ниёз дорад, дар кӯчаҳои пойтахти Русия дар солҳои охир ҳамагӣҳудуди 22 000 нафар ва он ҳам асосан муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣҷорӯб мезаданду барф мерӯфтанд. Ронда шудани ин мардум аз соҳаи ЖКХ бо амри мақомоти Маскав ин риштаро дар пайи боришоти ахири барф, ба навиштаи расонаҳои худи Русия, дар як ҳоли наздик ба суқут қарор дод.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион гуфта мешавад. Бино ба ҳисобҳо, аз 200 то 300 ҳазори онҳо дар шаҳру вилояти Маскав кор мекунанд, аз ҷумла ба ҳайси роҳрӯб.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi