03:23:02 14-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Қосимзода: Мансабҳо дар Тоҷикистон хариду фурӯш намешаванд

Раиси Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ягон мавриди хариду фурӯши мансабҳои давлатӣ мушоҳида нашудааст. Гурез Қосимзода, раиси Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон рӯзи 6 январ зимни нишасти хабарии худ дар ҳузури хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ гуфт, дар кишвар хариду фурӯши мансабҳо вуҷуд надорад.

hukumat-89855696.jpgРаиси Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон дар ин замина гуфт, хизматчиёни давлатӣ тариқи баргузории озмунҳо ба мансабҳо интихоб мешаванд ва шоеот дар мавриди хариду фурӯши мансабҳо поя надоранд. Ҳамзамон раиси Оҷонсии хидмати давлатӣ таъкид кард, ки ҳангоми интисоби хидматчиёни давлатӣ, ба онҳое, ки ба ҷуз забони давлатӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ балад ҳастанд, бартарӣ дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамвора дар маҳофил ва расонаҳо ин баҳс матраҳ мешавад, ки ҷобаҷоии мансабҳо дар Тоҷикистон ба таври шаффоф сурат намегирад ва аввал ба хешу баъд ба дарвеш бартарӣ дода мешавад.

Оқои Қосимзода дар ин нишасти хабарӣ гуфт, мувофиқи тартиботи нави хизмати давлатӣ, афроди то сини нафақа метавонанд хидматчии давлатӣ бошанд. Сини нафақа дар Тоҷикистон барои занон 58 ва барои мардон 63 муқаррар шудааст. Ҷаноби Қосимзода афзуд, ки дар сурати истисноӣ, бо шахсони ба сини нафақа расида аз шаш моҳ то ду сол шартномаи махсус барои идомаи кор ҳамчун хидматчии давлатӣ баста хоҳад шуд.

Гурез Қосимов, раиси Оҷонсии хидмати давлатии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон, ки онҳо бо намояндагӣ аз хидматчиёни давлатӣ ба даъватҳои УмаралӣҚувватов, ҷиҳати ташкили гирдиҳамоӣ чи чораҳо рӯи даст гирифтанд, гуфт, онҳо зимни бозомӯзии хидматчиёни давлатӣ, бепоя ва пуч будани ин даъватҳоро ба онҳо фаҳмониданд.

Ӯ афзуд, ки Оҷонсии хидмати давлатӣ дар вазорату идораҳои марказӣ ва ҳамчунин минтақаҳои Тоҷикистон барои хидматчиёни давлатӣ семинару мулоқотҳо ташкил намуда ва онҳоро талқин намуданд, ки ба гуфтаҳои “беасос”-и УмаралӣҚувватов дода нашаванд.

Сӯҳбатҳои раҳбари ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон дар ҳолест ки дар ҷомиаи ин кишвар дар бораи харидуфурӯши мансабҳои давлатӣ сӯиёд ҳарф мезананд. Аммо то кунун танҳо дар як маврид - дар пайи боздошти чанд мақоми Кумитаи гумрук дар ибтидои соли 2014 - мақомот эътироҳф карда буданд, ки ин гурӯҳ ба харидуфурӯши мансабҳои "равғанӣ" дар ин ниҳоди давлатӣ машғул будааст. Аммо бо гузашти як сол аз ин қазия то ҳол маълум нест, ки оё қазияи онҳо ба куҷо расид.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi