Таблиғоти ДОИШ барои ҷазби ҷавонони тоҷикистонӣ
Теъдоде аз ҷангҷуёни тоҷикистонӣ, ки дар таркиби гурӯҳи террористии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ дар ҳоли даргирӣ бо артиши ин ду кишвар мебошанд, бо интишори навори видеоии ҷадиди таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хостори пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳи такфирӣ шудаанд.
Ба гузориши сойти centrasia.ru, дар ин навори таблиғотӣ фарде ба исми Абӯ Умриён, ки гуфта мешавад сокини ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистон мебошад ва қаблан низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд, мегуяд: Мо аз Абубакри Бағдодӣ дархост кардем, ки иҷоза бидиҳад, ки ба Тоҷикистон биравем ва дар таркиби гурӯҳи "Ансоруллоҳ" дар ин кишвар даст ба ҷиҳод алайҳ ба истилоҳ кофарон бизанем.
Аммо ба мо гуфтанд, ки ҳануз замони муносиб барои ин кор фаро нарасида аст ва бояд сабр кард. Дар ин навори таблиғотӣ аз ҷавонони тоҷик хоста шуда, ки аз тариқи Туркия худро ба Сурия ва Ироқ бирасонанд ва ба гурӯҳи ДОИШ бипайванданд.
Ба гуфтаи коршиносони масоили сиёсӣ, шаҳрвандони тоҷики узви ДОИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр фаъол ҳастанд ва наворҳои зиёде аз таҳаррукоти ин гурӯҳи террористиро мунташир мекунанд, ки баёнгарии умқи ҷиноёти ин созмони такфирӣ мебошад.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар Сурия, Ироқ ва дар таркиби гурӯҳи ДОИШро 300 нафар унвон мекунанд. Аммо тоҷикони узви ДОИШ муддаӣҳастанд, ки наздик ба 1000 нафар аз ҷавонони ин кишвар дар ин гурӯҳ узвият доранд.