20:59:51 02-уми Июни 2025 сол

Сабаби асосии тарки Русия кардани тоҷикон

Имомуддин Сатторов сабаби ба ватан баргаштани муҳоҷирони тоҷикро аз ин кишвар шарҳ дод.

imomuddin 3265451254Сафири Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, сабаби асосии тарки Русия кардани тоҷикон ва ба ватан баргаштани муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба ин кишвар асосан дар мавсимӣ баҳору гармо барои кор сафар мекунанд, надодани маоши онҳо аз ҷониби корхонаҳои корфармо мебошад.

Ба навиштаи сойти tojnews, Имомуддин Сатторов гуфтааст, ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия дар пайи буҳрони иқтисодӣ шароити таъмини ҷойи кор ва маошро надорад, ки боиси тарки Русия кардани муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Сатторов таъкид кард, дар соли ҷорӣ бино ба мушкилоти иқтисодӣ дар Русия, бино ба нишондиҳандаҳои оморӣ, соли ахир 35-40 % тоҷикон ба ватан баргаштаанд.

Ба гуфтаи сафири тоҷик ба ватан баргаштани шаҳрвандони Тоҷикистонро амри дуруст меҳисобад, зеро мушикли иқтисодӣ ва надоштани музди саривақтӣ боиси мушкили хонаводагии онҳо дар ватан мегардад.

Сатторов ҳамчунин таъкид кардааст, ки ба сафорати Тоҷикистон дар Русия вақтҳои ахир муроҷиат барои санади баргаштан ба ватан ба мариб афзудааст. 

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854