15:29:53 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШУВАЛОВ: "РУСИЯ ДАР СИЁСАТИ БЕРУНӢ БА ХАТОҲО РОҲ МЕДИҲАД"

 

 Дар мулоқоти навбатии байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои иқтисодию сиёсии Русия бо мамлакатҳои ИДМ ва араб диққати калон дода шуд. 

Дар ин бора муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов баъди анҷоми мулоқот зимни сӯҳбат бо хабарнигорон сухан ронд. Ба қавли И. Шувалов Русия қабл аз ин дар сиёсати берунии худ ба бисёр хатоҳои ҷиддӣ роҳ додааст. Муовини аввали раиси ҳукумати Русия чунин мешуморад, ки муносибатҳои иқтисодии мамлакаташ бо мамлакатҳои ИДМ ва араб бояд беш аз пеш густариш дода шаванд. Байни Русия ва ин мамлакатҳо бояд фазои умумии иқтисодӣ ба вуҷуд оварда шавад. И. Шувалов зикр намуд, ки дар мулоқоти байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бештар аз 2,5 ҳазор нафар иштирок дошт. Дар давоми 3 рӯзи мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, истифода бурдани захираҳои асъор, нақшаҳои ояндаи фаъолияти бонкҳо, тадбирҳои бартараф сохтани оқибати бӯҳрони молиявӣ, истифодаи манбаъҳои иловагии энергия ва ғайра муҳокима шуданд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi