11:02:15 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Оқил Оқилов аз мақомаш барканор шуд

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ба ҷои ӯ таъйин шуд.

qohir-rasulzoda 457878Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябри бо судури як фармон, Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистонро аз мақомаш барканор кард. Ба пояи як фармони дигар, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд нахуствазири Тоҷикистон таъйин шуд. Бо фармони дигари раиси ҷумҳур, Абдураҳмон Қодирӣ, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд таъйин шудааст.

Раиси ҷумҳури ҳамчунин бо фармонҳои худ Руқия Қурбоноваро аз мақоми муовини сарвазир озод ва Марҳабо Ҷаббороваро муовинони сарвазири Тоҷикистон таъйин кардааст.

Оқил Оқилов соли 1999 дар мақоми сарвазирӣ Яҳё Азимовро иваз карда буд. Моҳи декабри соли 2006 раисиҷумҳур ӯро дубора дар ин мақом таъин кард. Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорон, муддати тулонӣ дар ин мақом боқӣ мондани Оқил Оқилов чанд сабаб дошт – қабл аз ҳама ӯ ягон ҳадафи бузурги сиёсӣ надошт ва сониян, ӯ дар қиёс бо баъзе аз раҳбарони кишвар ягон манфиати тиҷоратиро думбол намекард. Аз нигоҳи коршиносон сабаби дар мақом боқӣ мондани Оқил Оқилов боз он аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ барои дарёфти ваколатҳои сарвазирӣ талош накардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi