07:46:45 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Тоҷикистон: Баъд аз 16 ноябр ҳукумати ҷадид таъин мешавад

Дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи душанбеи 11-уми ноябр доир мешавад рӯзи баргузории маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ба 16-уми ноябр таъин карда мешавад.

hukumati-nav-545444Аз шӯъбаи котиботи Маҷлиси миллӣ ба мо гуфтанд, ки дар қатори баррасӣ ва илова намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қоунунҳои кишвар, аз ҷумла қонун «Дар бораи рамзҳои Президенти Тоҷикистон» низ маврид баҳс қарор дода мешавад. Дар ин иҷлосия рӯзи савганди президент ба 16-уми ноябр таъин карда хоҳад шуд.

Муфиқи қонунҳои кишвар баъд аз савгандёдкунии президенти тозаинтихоб ҳукумат ба истеъфо рафта, рӯихати аъзоёни ҳукумати нав ба парлумон пешниҳод карда мешавад.

Баъзе аз соҳибназарон интизор доранд, ки дар ҳукумати нав тағйироти кадрии ҷиддие мешавад. Амирқул Азимов, раиси кумитаи амният ва дифоъи порлумони Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо мо гуфта буд, ки баъд аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумат "албатта тағйирот мешавад".

Ба президенти тозаинтихоб «Нишонаи президент»-ро дар маросими савгандёдкунӣ раиси Додгоҳи конститутсионии кишвар тақдим хоҳад кард, сипас президенти тозаинтихобшуда дар Иҷлосия мушатараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлииси миллӣ савганд ёд хоҳад кард», гуфт як манбаъ аз Маҷлиси миллӣ.

Ҳамчунин ба маросими савганди президент намояндаҳои корпусҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд. Шурӯъ аз рӯзи 7-уми ноябр дар майдони Дӯстӣ дар маркази Душанбе тамринҳои ниҳодҳои қудратӣ ба хотири омодагӣ ба маросими адои савганди Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шудаанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 7-уми ноябр ба мо гуфт, ки дар ин тамринҳо ҳудуди 5 ҳазор сарбози ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла сарбозони вазорати дифоъ ширкат хоҳанд кард. «Дар рӯзи адои савганди президент сарбозону афсарони ниҳодҳои қудратӣ низ ба ӯ ба унвони сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд,» - зикр кард Фаридун Маҳмадалиев.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳануз қабл аз баргузории интихобот бо фармони худ Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллиро барои рӯзи 11-уми ноябр даъват карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi