04:27:39 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нахустин нишасти хабарии нозирони САҲА дар Душанбе

Ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА бо баргузории як нишасти кӯтоҳи хабарӣ, аз оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон дарак доданд. Сафир Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 2 октябр дар меҳмонхонаи "Ҳят Реҷенсӣ" -и шаҳри Душанбе ҳадафи аслии нозирони ин созмонро назорат бар интихоботи президентии моҳи ноябр унвон кард.

paraskiva-bedesku-545445Вай дар ин раванд ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи маданӣ ба манзури мусоидат дар баргузории интихоботи шафофу демократӣ ва озод таъкид намуд. Сафир Бадеску мегӯяд, «дар ҷараёни иҷрои миссияи худ, иҷрои қонунҳои вобаста ба интихоботро баррасӣ хоҳем кард ва ҳамзамон бо аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва аққалиятҳои миллӣ ва интихобкунандагон сӯҳбату мулоқотҳо доир мекунем, яъне робита ба ҷомеаи маданӣ дар афзалияти фаолияти мо қарор дорад.»

Аммо Алексей Громов, намояндаи ҳайати нозирони САҲА дар посух ба суоли хабарнигорон дар робита ба муҳоҷирон ва ҷамъоварии имзои онҳо гуфт, ки "ягон меъёри махсус дар бораи муҳоҷирон вуҷуд надорад ва ба худи кишвар бастагӣ дорад, ки чи гуна қарореро қабул мекунад."

Ҳарчанд ба таъкиди Громов, "дар қонунгузории Тоҷикистон ҳам ягон банде дар робита ба муҳоҷирон оварда нашудааст." Аммо вай гуфт, ки "вобаста ба ин мавзуъҳо, ки мо ҳам сару садо меушнавем, дар гузориши ниҳоии ҳайати нозирон муффасалтар гуфта хоҳад шуд."

Сафир Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА мегӯяд, ки гузориши ниҳоӣ аз раванди баргузории интихоботи Тоҷикистон пас аз ду моҳи баргузории он нашр хоҳад шуд. Зимнан, ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демкоратӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи гузашта вориди Душанбе шуда ва бо раҳбарияти КМИРТ дидору гуфтугӯ карданд.

Ин ҳайат аз 16 нафар иборат аст ва қарор аст, то рӯзи баргузории интихобот 150 нафари дигар ба хотири назорат ба интихобот ба Тоҷикистон хоҳад омад. Нозирони САҲА барои бори панҷумин бор аст, ки дар интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунанд. Ба фаъолият оғоз кардани ҳайати нозирони САҲА дар Душанбе дар ҳолест, ки ба таърихи 10 октябр ҳайати нозирони Кумитаи иҷроияии ИДМ низ вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Ҳарчанд шумораи дақиқи нозирони байналмилалӣ эълом нашудааст, аммо гуфта мешавад, интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ назорат хоҳад кард. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ, дар рӯзи қабули Қонуни Асосии ин кишвар баргузор мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi