Флеш-моб: "Зайд Саидовро озод кунед!"
Гурӯҳе аз ҷонибдорони соҳибкори тоҷик ва вазири пешини Тоҷикистон Зайд Саидов дар як флеш-моб дар шаҳри Душанбе хостори озодии ӯ шуданд.
Ширкаткунандагони ин намоиш бо таъкиди 100-умин рӯзи соҳибкори тоҷик ва вазири пешини саноати Тоҷикистон Зайд Саидов ба ҳаво 100 кабӯтар сар доданд. Флеш-моб як навъ ҳамоиши мардумист, ки танҳо солҳои охир дар Тоҷикистон пайдо шудааст.
«Озодӣ»