05:52:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Раиси додгоҳ бо 7000 доллар ришва дастгир шуд

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод ва собиқ додраси додгоҳи Душанбе, Абдулҳаким Алимовро ба ришватситонӣ айбдор кард.

bozdosht-22545666Муҳаммадраҷаби Ҳанафӣ, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо коррупсия 22 август ба мо гуфт, ки муфатишони Оҷонсӣ давраи пурсиши амали ҷиноии раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод Абдулҳаким Алимовро, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ба анҷом расониданд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Абдулҳаким Алимовро барои ришваситони дар замони додраси догоҳи пойтахт буданаш боздошт кардааст.

Абдулҳаким Алимов дар соли 2012 додраси додгоҳи пойтахт буда ва дар ҳамон давра дар моҳи июни соли гузашта барои ба манфиати зерҳимояи вакили мудофеъ Саъдуллоев Б., ҳал намудани баҳси манзилии сокини ноҳияи Синои пойтахт Раҳимова Замира 7000 доллар талаб кардааст.

Абдулҳаким Алимов ваъда додааст, ки агар маблағи мазкур ба дасташ расад ва ин парвандаро ба истеҳсолоти худ гирифта ба манфиати Раҳимова Замира ҳал хоҳад кард.

Тавре Оҷонсии зидди фасод хабар медиҳад, вақте ки вакили мудофеъи аз ҳимоятгараш 2000 долларро ба утоқи кории додрас меорад вай норозигӣ мекунад ва мегуяд, ки маблағро пурра биёранд.

Замира Раҳимова маҷбур мешавад бо дасти вакили мудофеъи худ маблағи 7 ҳазор долларро мефиристад ва дар натиҷаи дарёфти маълумотҳо ва исбот шудани далелҳо собиқ додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе, ки ки то замони боздошт 10 августи соли равон дар вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод (160 километрии шарқи пойтахти Тоҷкистон) кор мекард бо ҷурми ришватситонӣ дар ҳаҷми 7000 доллар боздошт карда шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Абдулҳаким Алимов раиси Додгоҳи ноҳияи Нуробод дар боздоштгоҳи Оҷонсии зидди фасод қарор дошта алайҳи вай тибқи банди 4 моддаи 319 Кодекси ҷиноӣ, яъне ришватситонӣ бо маблағи калон парванда боз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi