05:09:48 02-уми Июли 2025 сол

САРМУРАББИИ НАВУ ХОРИҶИИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИК

Кемал Алиспахичи босниягӣ сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора ба мо Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ин мутахассиси 46-солаи босниягӣ муҷаввизи мураббии дараҷаи PRO дорад.

Кемал Алиспахич дар ин мақом Олимҷон Рафиковро иваз кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нав ба бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Куриёи Шимолӣ, ки 29-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, омодагӣ хоҳад дид.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Олимҷон Рафиков, ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии кишвар буд, изҳори миннатдорӣ кард ва ба ӯ дар кори мураббигӣ муваффақият хост.  Олимҷон Рафиков ба ҳайси сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қаҳрамони Тоҷикистонро ба Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ки моҳи майи соли ҷорӣ шурӯъ мешавад, омода месозад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ