13:41:36 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ИДОМАИ БАҲСИ ДОДГОҲИИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО БО МУФТӢ

Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон баррасии даъвои бародарон Тӯраҷонзодаҳо алайҳи раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода бо иттиҳоми таҳқир ва тақаллуби имзои аъзои Шӯрои уламо идома ёфт.

Қозӣ қаблан ба ҷонибҳо барои оштӣ 10 рӯз фурсат дод, вале раиси Шӯрои уламо шартҳои Тӯраҷонзодаҳо барои мусолиҳаро напазируфт. Тӯраҷонзодаҳо лағви қарори ин Шӯроро, ки ин хонаводаи маъруфи рӯҳониро ба шиъагароӣ айбдор мекард, азсаргирии намозҳои ҷумъа дар масҷиди Муҳаммадияи марбут ба онҳо ва ҳам даъвати онҳо ба нишасти Шӯрои уламоро шарт гузошта буданд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода имрӯз гуфт, агар ҳамаи аъзои Шӯрои уламо ҳақиқати имзои худ дар зери ин қарорро таъйид кунанд, омода ҳаст, аз даъвои худ алайҳи Абдулқодирзода гузарад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi