21:23:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲПАЙМОИИ МУХОЛИФОН. БАР ЗИДДИ ПУТИН ВА ТАҚАЛЛУБ

Имрӯз, 4-уми феврал, раҳпаймоии густурдаи мухолифони режими Кремл дар Маскав баргузор мешавад. Интизор меравад, даҳҳо ҳазор нафар аз мӯътаризон дар ин раҳпаймоӣ иштирок кунанд.

простесты против путинҲамчунон аз баргузории гирдиҳамоии дигар ба ҳимоят аз Владимир Путин, нахуствазир ва номзад ба раёсати ҷумҳури ояндаи Русия дар ҳамин рӯз гузориш шудааст. Ин эътирозҳо баъд аз иттиҳомот дар мавриди тақаллуби густурда дар интихоботи порлумонии Русия дар моҳи декабри соли гузашта шиддат гирифтанд. Пешбинӣ мешавад, ки ҳавои Маскав имрӯз, 4-уми феврал, 26 дараҷаи зери сифр хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, Геннадий Онишенко, сарпизишки беҳдоштии Русия ба расонаҳои русӣ гуфтааст: "Тарафдори ҳар касе ҳастед, ба Шумо мегӯям, бо либосҳое, ки маъмулан ба тан мекунед, дар ин эътирозҳо иштирок накунед."

Ин мақоми беҳдоштии Русия ба эътирозкунандагон ҳушдор додааст, ки ҳаво бисёр сард аст ва онҳо бояд пойпӯшҳо ва либосҳои хеле гармашонро бипӯшанд.

Бори аввал нест, ки ин мақоми 61-солаи рус қабл аз эътирозҳои зидди ҳукуматӣ, чунин ҳушдори беҳдоштӣ содир мекунад. Онишенко қаблан низ ба мухолифони ҳукумат ҳушдор дода буд, то аз иштирок дар эътирозҳои зидди Кремл дар даҳуми декабр ба хотири он, ки сармо нахӯранд, худдорӣ кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi