00:00:45 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Абдулло Давлатов: «Вожаи тоҷик синоними вожаи «муҳоҷир» шудааст?!»

Мусоҳибаи хабарнигори "Рӯзгор"Алишер Зарифӣ бо Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия

abdullo-davlatov muhojirat--Шароити имрӯзаи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Шароити имрӯзаи муҳоҷирони кории тоҷик нисбати чанд соли пеш беҳтар будан ҳам дораду сангин шудан ҳам. Беҳтар буданаш он аст, ки нисбати солҳои пеш аз тарафи кормандони ҳифз ҳуқуқ, корфармоён ва амсоли онҳо қонуншиканӣ нисбати муҳоҷирон кам шудаасту зулму лату кӯбу куштор аз тарафи миллатгароён рӯ ба коҳиш дорад.

Сангин шуданаш он аст, ки дар қонунҳои танзими муҳоҷират ва буду боши хориҷиён дар Русия тағйиротҳои ҷиддӣҷорӣ шудаанд ва механизмҳои амалӣ кардани онҳо роҳандозӣ шудаанд. Дар ин самт тахмин меравад, ки дар моҳҳои наздик муҳоҷирони зиёде, ки қонуншиканиҳо доранд - чи маъмурӣ ва чи ҷиноӣ, аз Русия ронда мешаванд ва муддати ҳадди ақал се сол даромаданашон манъ мешавад.

-Мушкили аслии муҳоҷирони тоҷик ҳоло чӣ аст ва барои ҳалли он чӣ бояд кард?

 -Мушкилии асосии муҳоҷирони кории тоҷик, ин беиттилоотӣ аз навигариҳо дар қонунҳои муҳоҷирати Русия аст. Ҳоло ин кишвар дар талоши ба танзим даровардани бозори кории худ аст. Давлатҳои содиркунандаи қувваи корӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бояд дар фикри шаҳрвандонӣ худашон бошанд. Бояд сари вақт, шабонарӯзӣ, тавассути ВАО ва дигар манбаъҳои дастрас ба ҳамватанон ахбороти кофӣ расонида шавад. В-агар на ҳолат баддтар хоҳад шуд. Аллакай мардуми зиёдеро, ки бо нархи гарон чипта харидаву то сарҳади Русия омадаанд, аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои мухталиф бармегардонанд, ки ин ҳолат вазъи иҷтимоии Тоҷикистонро метавонад душвортар гардонад.

Мушкилоти дигар, набудани системаи коршоями пуштибонии ҳуқуқӣ аз тоҷикистониён ва кӯмаки иҷтимоӣ ба онҳо мебошад. Ахбори саривақтӣ, системаи коршоями пуштибонии ҳуқуқӣ ва кӯмаки иҷтимоӣ барои муҳоҷирон, барномаҳо ва созишномаҳои воқеии амалишаванда дар танзими ин раванд бо давлатҳои манфиатдор, аз ҷумла бо Русия дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим аст.

-Шумо яке аз мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро беиттилоотӣ гуфтед, то ҳол дар ин самт ягон пешниҳоде кардаед, агар ҳа, то куҷо пешниҳодатон амалӣ шуд?

-Пешниҳодамонро чанд сол пеш, ҳам хаттӣ ва ҳам дар суҳбатҳои шахсӣ, аз ҷумла ба раиси Кумитаи радиову телевизион Асадулло Раҳмон расонидаем. Аз ҷумла хоҳиш карда будем, ки дар шабакаҳои давлатӣ, ҳар ҳафта се бор, дар соатҳои мувофиқ, ҳадди аққал 10 дақиқа ҷудо шавад, то коршиносон, мутахассисон, олимон, корафтодаҳо оиди раванди муҳоҷират ва навигариҳо дар ин самт ба ҳамватанон иттилоъ диҳанд, мутаасифона, чунин кор нашуд. Ва боз ҳамон афсӯс...

-Шумо ишора ба амалӣ гардонидани созишномаҳои воқеӣ кардед, имрӯз тибқи созшномаҳои байниҳукуматӣ тоҷикон имкони ба дигар кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд?

-Бо боварӣ мегӯям, ки дар соҳаи кишоварзӣ тоҷикон метавонанд дар Новая Зеландия ва Австралия, дар самти сохтмонӣ дар Амороти Араб, Курияи Ҷанубӣ, дар самти технологияҳои нав дар Конодо, Амрико ва ғайра фаъолият кунанд. Аммо қабл аз ин ниҳодҳои масъул бояд тавонанд дар ин самт бо он давлатҳо тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ робитаи хуби корӣ барқарор кунанд. Боз мегуям, ки созишномаҳо бояд амалишаванда бошанд, на барои вассофии масъулон дар расонаҳои хабарӣ. Албатта, беҳтар мешуд, ки ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон мебуданду ҳамватанон ба дигар давлатҳо барои истироҳат мерафтанд.

-Корҳое, ки то ҳол ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон анҷом додаанд, Шуморо қаноатманд мекунад?

-Бо қатъият метавонем гуфтан, ки ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ки инҷо фаъолият доранд, агар фаъолияти арзанда медоштанд, рӯз то рӯз норозигии мардум намеафзуд.

Агар манзур аз "ниҳодҳои ғайридавлатӣ" гуфтанатон "шӯрои назди Сафорат" бошад, аксари аъзоёни он "шӯро" дар амал аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ манфиатбардорӣ мекунанд, на пуштибонӣ аз ҳамватанон. Агар манзуратон аз ҷамъиятҳои тоҷиктабори минтақавии русиягӣ бошанд, пас бояд донем, ки чунин ҷамъиятҳои ниҳодҳои русиягӣ ҳастанд ва бояд мутобиқи қонунгузориҳои ин кишвар амал кунанд.

Дуруст аст, ки раисони аксарияти чунин ҷамъиятҳо ҳамон худхоҳону чоплусону ғоратгарони муҳоҷирони корианд, ки ҳатто моҳияти фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро дарк намекунанд ва худро ҳамчун як шуъбаи сафорат ва ё Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон медонанд, ки дар натиҷа ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанду бо супориши онҳо фаъолият доранд. Бо боварии комил мегуям, ки мутассадиёни Русия ин вазъро хеле хуб омӯхтаанду медонанд, вале дар марҳилаи имрӯза бо кадом андешае ба ин монеъагузорӣ намекунанд.

Аз чунин вазъ, албатта наметавонам қаноатманд бошам! Чи гуна қаноатманд шавам, ки муҳоҷирони корӣ вазъи риққатовар доранд, шумораи занону кӯдакони муҳоҷир меафзояд, вожаи тоҷик синоними вожаи "муҳоҷир" шудааст?!

-Аз афзоиши муҳоҷирати меҳнатии занону кӯдакон гуфтед, мегуфтед, ки ин раванд, ки рӯз то рӯз афзоиш меёбад, чӣ пайомаде дорад ва чӣ бояд кард, ки ноболиғонро аз роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ баргардонд?

-Бо афсӯс ба такрор қайд мекунем, ки сафи муҳоҷирони корӣ аз ҳисоби занон ва ноболиғон майл ба афзоиш дорад. Ин раванди носолим на танҳо имонро заъиф, ғурури инсониву нангу номӯси миллиро нотавон мегардонад, балки сифати зиндагии худи занону ноболиғонро то ҷое мекоҳонад, ки онҳоро ба ҷиноят ё дигар корҳои ношоям мекашад.

Чӣ бояд кард? Зимомдорони ҳукумат бояд каме фикри миллату Ватан дошта бошанд! Бубинед, ки Курияи ҷанубӣ, ки тайёр аст аз Тоҷикистон то 150 ҳазор муҳоҷири корӣ  қабул кунад, ҳамагӣ 98 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад - дар муқобили 142 ҳазори Тоҷикистон, 50 миллион аҳолӣ дорад - дар муқобили 8 миллиони Тоҷикистон. Яъне, масоҳати Куреяи Ҷанубӣ қариб нисфи Тоҷикистон асту аҳолиаш 42 миллион бештар!

 Куреяи Ҷанубӣ баъди ҷанги хонумонсӯзе, ки тамоми сарзаминашро ба хок яксон карда буд, дар соли 1948 ташкил ёфт. Аллакай, дар миёнаи солҳои 60-ум, яъне баъди 15-20 сол ба яке аз давлатҳои мутараққии дунё табдил ёфт. Давлатҳои зиёди дигаре ҳастанд, ки ягон канданиҳои фоиданок надоранд, вале менеҷменти хуб онҳоро дар муддати кӯтоҳ пешсаф кард. Масалан, Сингапур, ки яке аз давлатҳои бефасод аст. Чаро ин мисолҳоро овардам?

Агар баҳонаҷӯиву мардумро бо ёди ҷангӣ солҳои 90-ум тарсониданро кифоя надонему дар фикри ободии Ватан набошем, муҳоҷирати оилавиву занону ноболиғон бештар мешавад.

-То ҳол шудаст ҳолатҳое, ки пешниҳоде ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирон карда бошеду аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Хадамоти муҷоҷират барои амалӣ намудан пазируфта шуда бошанд? Агар ҳа, чӣ пешниҳодҳое буд?

-Пешниҳодҳои зиёде карда будем. Масалан, соли 2008 расман даъват кардем, ки хазинаи махсуси муҳоҷират дар Тоҷикистон кушода шавад ва дар раёсаташ ҳатман нафарони маъруфи миллат аз Русия ва Қазоқистон, ки муҳоҷирони зиёд онҷо дорем ва ҳамчунин аз ҷумлаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумати Тоҷикистон бошанд, то маблағҳо дуздида нашаванд.

Дар вохӯрӣ бо президент соли 2009 пешниҳод карда будем, ки ягон бинои корношоям ба мо диҳанд, ки онро бо қувваи худамон таъмир кунему, бо таҳҷизот таъмин кунем, то дар онҷо ба ҳамватанон касбомӯзӣ ва забономӯзӣ кунем. Президент мушовири давлатиаш ва раҳбари Хадамоти муҳоҷиратро хезонду гуфт: "Муддати 10 рӯз инҳоро қабул кунед ва масъаларо ҳал кунед!". То ҳол ҳал мешавад...

Ҳамчунин пешниҳод карда будем, ки бахши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд"-ро дар Русия ифтитоҳ кунанд, то тоҷикони Русияро новобаста аз диди назари сиёсиашон, бо далели тоҷик буданашон мутаҳҳид кунем. Дар ҳоле, ки раиси "Пайванд" худи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хулоса, чунин пешниҳодҳо хеле зиёд буданд - дар соҳаи фарҳанг, ҷавонон ва ғайра низ. Ягон пешниҳоди мо, ғайри ташкили сохтори алоҳида оиди муҳоҷират, ки оқибат дарди сари худамон шудааст, қабул нашуд. Гумон мекунам, ки ҳатто то Президент нарасидаанд.

- Дар хусуси нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон сару садое ба гӯш мерасад, оё муҳоҷирони меҳнатӣ хаққи гирифтани нафақаро доранд?

-Ҳар муҳоҷири корие, ки дар чорчӯбаи қонун фаъолияти меҳнатӣ кардааст, албатта метавонад ба сохторҳои марбута муроҷиат кунад ва дар ҳамон андозае, ки маблағ ба "Пенсионный фонд"-и Русия пардохт карда буд (аз моҳонааш) метавонад нафақа гирад.

 -Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хостори таъсиси мақоми ноиби президенти Тоҷикистон дар масоили муҳоҷират шудааст, оё таъсиси чунин мақомро зарур меҳисобед?

 - Магар Хадамоти муҳоҷират, мушовири давлатӣ оид бо иҷтимоиёт, ки ноиби махсусе дар самти ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дорад, шӯъбаи ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзии Дастгоҳи иҷроияи назди Президент ва боз идораҳои зиёди дигар дар назди вазоратҳои дигар каманд, ки боз як сохтори муфтхӯру ғораткунандаи муҳоҷирони корӣ ташкил кунанд?!

Агар касе бо нодонӣ гуяд, ки маҳз барои муттаҳидкунии идораҳои мавҷудбуда бояд чунин мансабе ташкил шавад - шайтонии маҳз аст! Вақте, ки Хадамоти муҳоҷират ташкил шуд умед буд, ки бисёр миёнравҳои давлатӣ аз байн мераванд, вале, баръакс шуд. Ман қатъиян мухолифи ташкили як сохтори нав дар ин самт ҳастам. Кифоя аст, ки муҳоҷирон аз будаҳояш безор шудаанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi