14:18:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РУСИЯ ШУМОРАИ МУҲОҶИРОНИ КОРИИ ХОРИҶИРО ЭЪЛОН КАРД

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои бори аввал қарор кардааст, шумораи аниқи шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар нашр кунад. Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия эълон медорад, ки ба рӯзи 14-уми декабри соли 2012 дар ҳудуди ин кишвар 1 миллиону 60 ҳазору 270 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд.

/images/stories/2012/12/29_migrants-291212.jpgБа иттилои сомонаи Хадамоти муҳоҷирати Русия, Тоҷикистон аз рӯи шумораи шаҳрвандон дар ин кишвар, баъди Узбакистону Украина дар зинаи сеюм меистад. Адади шаҳрвандони Узбакистон дар Русия 2 миллиону 300 ҳазор ва аз Украина 1 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил додааст. Хадамоти федералии муҳоҷират теъдоди озарбойҷониҳо 620 ҳазор ва қирғизҳоро 540 ҳазор нафар арзёбӣ мекунад.

Дар маҷмӯъ ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Русия ба рӯзи 14-уми декабри соли равон дар Русия 10 миллиону 300 ҳазор хориҷӣ қарор доштаанд, ки 3 миллионашон беш аз 1 сол ҳудуди ин кишварро тарк накардаанд.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд тайи моҳҳои январ-ноябри соли равон аз кишвар 824 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафта, 576 ҳазор нафар баргаштаанд. Адади 576 ҳазор муҳоҷири баргашта ба замми 1 миллиону  60 ҳазоре, ки то ҳол дар ҳудуди Русия ҳастанд, ҳосил мешавад, ки имсол ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор шаҳрванди тоҷик дар Русия қарор доштаанд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва маблағҳои коркардаашон  барои Тоҷикистон сарчашмаи асосии муътадилияти иҷтимоию иқтисодӣ ба шумор меравад. Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон, яке аз пешсафон дар дунё арзёбӣ кардааст. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 3 миллиард доллари амрикоӣ ирсол намудаанд, ки 47 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi