12:43:42 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МОНЕАҲОИ ИНТИҚОЛИ ПУЛИ МУҲОҶИРОН КАДОМҲОЯНД?

Барои бори нахуст дар Тоҷикистон як ҳамоиши минтақаӣ дар масъалаи муҳоҷират ва интиқоли пул оғоз ба кор кардааст, ки се рӯз идома хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш, ки бо пуштибонии фаннии Бонки ҷаҳонӣ ва вазорати рушди байналмиллаии Бритониё баргузор шуд, масъулин аз мақомоти муҳоҷирати кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат доранд.

/images/stories/2012/05/22_hisob-22512.jpgДар ин ҳамоиш дар робита ба масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ширкатдорон баҳсу баррасиҳо идома дорад. Дар баробари таҳияи барномаи муштараки ҳамгироӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, омодасозии касбии муҳоҷирин, коҳиши қашшоқӣ, амният ва бозори меҳанат, мушкили интиқоли пули муҳоҷирин аз масъалаҳои калидии ин баҳсҳо буд.

Сударшан Канагарадҷа, иқтисоддони пешбари минтақаи Аврупо ва Осиёи марказӣ дар Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, мушкили аслии интиқоли пул дар бахши муҳоҷирати меҳнатии фазои шӯравии собиқ, марбут ба хадамоти гарони интиқоли пул нест. Ба гуфтаи ӯ, хадамоти бонкии интиқоли пулӣ дар фазои шӯравии собиқ як дарсад ва арзонтарин дар ҷаҳон аст, ки маҳз ҳамин боиси афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон аз тариқи бонкҳо ба кишварҳояшон шудааст. Аммо масъалаи аслӣ ва калидӣ, адами ҳисобҳои бонкии муҳоҷирон дар кишварҳои муҳоҷирпазир мебошад:

“Мушкилоти аслӣ дар масъалаи интиқоли пули муҳоҷирин, имконоти интиқоли пул аст. Барои мисол муҳоҷирони Тоҷикистон наметавонанд мустақиман дар бонкҳои Русия ҳисобҳои бонкии худро ифтитоҳ кунанд ва сармояи худро ба ин ҳисобҳо гузаронанд. Ва ҳамин низ сабаб шудааст, ки муҳоҷирин роҳҳои расмӣ ва амни интиқоли пул ба кишвари худ ва ё баръаксро истифода намебаранд. Пули коркардаи худро аз тариқи наздикон ва ё дӯстон мефиристанд, ки ин хеле хатарнок аст. Ва ин мушкил танҳо марбути муҳоҷирини тоҷикистонӣ нест.”

Масъалаи дигаре, ки дар ин ҳамоиш марбут ба пули бо заҳмати зиёд дарёфткардаи муҳоҷирин баррасӣ шуд, истифода ё харҷи ин сармоя дар дохили кишвар буд. Бар асоси як таҳқиқоте, ки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират анҷом додааст, 60 дарсади пули муҳоҷирини тоҷик барои таъмини хонаводаҳо ба ғизо ва ниёзмандиҳои аввалия харҷ мешавад. Зеро хонаводаи аксари муҳоҷирини тоҷик дар ҳоли поин аз хатти фақр зиндагӣ доранд ва зиндагии онҳо марбут ба кор ва даромади фарзанд ё волидайни муҳоҷирашон аст.

Ба гуфтаи ин созмон, аз ин 60 дарсад пули интиқолии муҳоҷирон, 30 дарсад комилан барои харҷӣ ғизо ва либос, 30 дарсади дигар барои ниёзмандиҳои иҷтимоӣ, назири хариди телевизору мошин ва дигар анвои фанноварӣ харҷ мешавад. Дар умум аз 40 дарсадӣ боқи сармояи интиқолшуда 15 дарсад пасандоз, 10 дарсади дигар пасандози кӯтоҳ ва танҳо 15 дарсад барои сармоягузорӣ ҷиҳати эҷоди ҷои кор харҷ мешавад.

Сударшан Канагарадҷа, иқтисоддони пешбари минтақаи Аврупо ва Осиёи марказӣ дар Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, сабаби аслии поин будани хароҷоти сармояи муҳоҷирон дар бахши сармоягузорӣ, дар номусоидии бозор ва адами маҳсулоти мавриди таваҷҷӯҳ, дониши нокофии иқтисодӣ ва фазои номусоиди сармоягузорӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки интиқоли расмии пули муҳоҷирини тоҷик аз хориҷ аз кишвар бо сабаби лағви молиёт аз интиқоли пул ба маротиб афзудаст. Ба қавли ӯ, агар дар соли 2002  муҳоҷирини тоҷик аз хориҷ ба кишвар 300 миллион доллар ворид карда бошанд, дар соли 2008 воридоти пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон ба 2,5 миллиард доллар баробар будааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин сол даромади Тоҷикистон аз тиҷорати  маҳсулоти аслии санъатии кишвар пахта ва алюминиум 800 миллион долларро ташкил медодааст.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi