10:38:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

АФЗОИШИ ҶАРИМА ДАР МИЁНИ МУҲОҶИРОН

Мақомҳои пулиси Русия аз афзоиши мизони ҷарима дар миёни атбоъи тоҷик дар он кишвар хабар додаанд.

Бино ба иттилоъи Вазорати кишвари Русия, дар шаш моҳи соли ҷорӣ теъдоди ҷаримае, ки аз сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар рух дода, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта беш аз 28 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, бештари ҷаримае, ки атбоъи тоҷик дар Русия муртакиб шудаанд, дорои ангезаҳои иқтисодӣ буда ва аз сӯйи дигар, бо қочоқи маводди мухаддир иртибот доранд.


Бекорӣ ва фақр аз авомили ҷарима

Ба эътиқоди масъулони созмонҳои мустақилли муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар пайи буҳрони ҷаҳонии молӣ бахше аз муҳоҷирон дар ин кишвар иштиғоли худро аз даст дода ва барои гузарони рӯзгор муртакиби ҷаримаи мухталиф, бахусус дуздӣ, мешаванд.

Каромат Шарифов, раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони тоҷик дар Русия”, дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳамакнун дар шаҳр ва вилояти Маскав гурӯҳҳои табаҳкори мураккаб аз 70 то 80 нафар аз атбоъи тоҷик ба манзури ғорат ва сирқати амвол ба ҳамватанони худ ҳамла мекунанд. Оқои Шарифов аз ҳодисаи ҳамлаи ин гурӯҳ ба як муҳоҷири тоҷик бо номи Наврӯз ёдовар шуд, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Маскави Русия рух додааст.

Дар натиҷа, Наврӯз мавриди лату кӯб қарор гирифта ва пулу ҷинсҳои қиматияш ба сирқат рафтааст. Ҳамзамон, Каромат Шарифов таъкид кард, ки мавориди зарбу шатми муҳоҷирони тоҷик тавассути пулиси Русия ва бо иттиҳомоти сохтагӣ зиндонӣ шудани онҳо низ ба мушоҳида расидааст.

Аз сӯйи дигар, Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи порлумони Тоҷикистон ва раҳбари ҳизби наҳзати исломии ин кишвар, ки соли гузашта бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия дидору гуфтугӯ анҷом дода буд, муътақид аст, ки пардохт нашудани ҳаққуззаҳмаи муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён низ метавонад ба бурузи мухолифату моҷароҳо мунҷар шавад.

Ба эътиқоди оқои Кабирӣ, бештари корфармоёни Русия бо баҳонаи асароти буҳрони молӣ аз пардохти ҳаққи кори муҳоҷирон сарпечӣ карда ва онҳоро ба кӯча меронанд. Гуфта мешавад, ин гуна рафторҳо дар бештари маворид муҳоҷирони кориро ба аксуламал ва аъмоли хушунатомез водор мекунад.

Зимнан, Кумитаи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон аз афзоиши мавориди боздошт ва зиндонӣ шудани занону духтарони тоҷик дар шаҳрҳои Русия ибрози нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи Қимматгул Алибердиева, муъовини аввали раиси ин кумита, ки ахиран дар раъси як ҳайъат бо фаъолияти занони муҳоҷири тоҷик дар Русия ошно шудааст, танҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрҳои Русия 185 зани тоҷик ба сар мебаранд, ки ба иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва асноди тақаллубӣ дастгир шудаанд.

Хонуми Алибердиева дар мавриди теъдоди дақиқи занони тоҷик дар зиндонҳои Русия ибрози беиттилоъӣ кард ва гуфт, ки ба далели қаблан муроҷеъаи расмӣ накардан мақомоти Русия ба ин ҳайъат иҷозаи дидор аз зиндонҳои он кишварро надодаанд.


Даҳ ҳазор тоҷик дар зиндонҳои Русия? 

Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарифов, раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони тоҷик дар Русия”, теъдоди шаҳрвандони тоҷикро, ки дар зиндонҳои Русия ба сар мебаранд, ҳудуди 10 ҳазор нафар арзёбӣ кард. Ба гуфтаи оқои Шарифов, ин рақами зиндониёни тоҷике аст, ки дар зарфи 17 соли ахир ба иттиҳоми даст доштан дар ҷаримаи мухталиф равонаи маҳбасҳои Русия шудаанд.

Шарифа Усмонова, муъовини раиси Идораи муҳоҷирати вазорати кишвари Тоҷикистон, ба навбаи худ ин арқомро муболиғаомез хонд, аммо гуфт, ки дар мавриди теъдоди воқеъии ин афрод иттилоъи дақиқе дар даст надорад.

Ҳайдар Маҳмадов, мушовири вазири кишвари Тоҷикистон, ки дар нишасти муштараки ҳайъати вазоратҳои кишвари Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Қазони Тотористон дар ҳафтаи гузашта ширкат дошт, гуфт, ки дар ин ҳамоиш мавзӯъи муҳоҷирони кории тоҷик ва афзоиши мизони ҷарима дар миёни онҳо баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Маҳмадов, агар дар соли 2003 шаҳрвандони тоҷик дар Русия муртакиби 5 ҳазор ҷарима шудаанд, ин рақам дар соли гузашта ба 9317 адад расидааст. Ҳамзамон, ин масъули вазорати кишвар таъкид кард, ки танҳо бахше аз зиндонён муҳоҷирони корӣ буда ва теъдоди зиёди онҳо афроде ҳастанд, ки барои қочоқи маводди мухаддир ва ҷаримаи дигар дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд.

Масалан, дар соли гузашта 1200 тан аз атбоъи тоҷик барои қочоқи маводди мухаддир дар шаҳрҳои Русия дастгир ва зиндонӣ шудаанд. Зимнан, бино ба иттилоъи намоядагии Идораи муҳоҷирати вазорати кишвари Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 68 тан аз атбоъи тоҷик аз Тотористони Русия ба иттиҳоми нақзи муқаррароти буду бош ва кор ихроҷ шудаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки дар соли гузашта дар Тотористон ҳудуди 15 ҳазор шаҳрванди тоҷик сабти ном шуда, аммо танҳо болиғ ба 3 ҳазор нафар иҷозаи кор дар ин минтақаро дарёфт кардаанд. Тибқи гузоришҳои ахир, Қазоқистон низ ахиран 250 муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла теъдоде шаҳрвандони тоҷикро аз ин кишвар берун кардааст.

Мардони Муҳаммад
Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi