12:30:32 19-уми Майи 2025 сол

МОДАРЕ, КИ АЗ НИСФ ЗИЁД ФАРЗАНДОНАШ МУҲОҶИРАНД

Банавшагул Алибахшова 14-уми майи соли 1944 дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Шуғнон (ҳоло Роштқалъа) ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи педагогии ба номи Шевченкои шаҳри Душанбе бо ҳамдеҳааш Махмурбек Раҳматбеков оила бунёд кардааст.

/images/stories/2011/08/13_modar-muhojira0102.jpgБанавша (ӯро дар деҳа ҳамин тавр меноманд) ва Махмурбек соҳиби ҳашт фарзанд (шаш писар ва ду духтар)  мебошанд.  Ҳоло ҳам Банавша ва ҳам шавҳараш нафақахӯр ҳастанд. Онҳо тайи солҳо тӯлонӣ муаллимони мактаби деҳаашон Тусиён буданд. Ҳоло ҳар ду дар хона машғули корҳои рӯзгоранд. 

Вақте мо вориди хона шудем, холаи Банавшаро андармони наберааш дидем. Ӯ бо Шаҳзод нишаста китобчаеро мехонданд, аниқтараш ба наберааш вазифаи хонагиашро ёд медод. Наберааш саргарми хондани китобча буд. Вале саволҳои Шаҳзод зуд-зуд садо медоданд:

- Ин чӣ маъно дорад, он чӣ маъно дорад ва ғайра…

Ва холаи Банавша оромона ҳар як саволи набераашро таҳаммулкорона ҷавоб мегуфт. Кӯшиш мекард, ки дили кӯдакро нисбати хондан хунук накунад, балки шавқашро  афзун гардонад.

- Қисми зиёди умрамро ман сарфи кори мактаб, таълиму тарбия кардам. Баъди солҳои дарози муаллимӣ нишастан дар хона аз як тараф бароям хело вазнин метобад. Мактабро бисёр ёд мекунам. Касби пурбаракаттарин ва пуршарафтарин. (Оҳи сард мекашад.) Афсус, ки вақтҳои охир бо пули муаллимӣ зиндагӣ камтар душвортар шуд. 

Холаи Банавша моро ба барнэх- суфаи асосии хонаи расмии помирӣ мехонад. Ба нею нестони мо нигоҳ накарда, дар болои суфа болиштҳои зиёдро мепартояд. Дастархони пур аз қанду қандалот ва шириниҳои гуногун тваҷҷӯҳи бинандаро ба худ ҷалб месозад. Дастархон нишонае аз вазъи иқтисодии хонавода аст.  Нуқлу наво ва анвоъи мухталифи хурданӣ гувоҳи зиндагии серу пури хонадони холаи Бунавша аст.

Сӯҳбати мо дар сари як пиёла чой идома меёбад.

- Агар дарс доданро ин қадар ёд карда бошед, чаро боз ба мактаб  барнамегардед?-шӯхиомез мепурсем аз холаи Банавша.

-Фарзандонам намемонанд, мегӯянд акнун шумо роҳат кунеду мо кор кунем.

- Онҳо коргари куҷоянд?  Дар кадом муассиса кор мекунанд?

-Аз ҳашт нафарашон танҳо се нафар ҳамин ҷоянд, панҷтои дигар дар Русияанд.

Ман мехоҳам ҳиссиёти ботинии ӯро аз чеҳрааш бубинам. Ба чеҳраи холаи Банавша назар меандозам. Канӣ сухан гуфтан дар бораи фарзандони ихтиёри муҳоҷират карда то чӣ андоза ба хола таъсир хоҳад кард. Авзоъи муқаррарӣ чеҳраи рӯи холаро тарк намекунад.  Барои холаи Банавша иттилоъ додан дар бораи фарзандони ба муҳоҷирати ихтиёрии меҳнатӣ  рафтааш ба хаёлам гутугузори оддиесту бас. Мавзӯи муҳоҷирати ихтиёрии сокинони  рустоҳо он қадар ба зиндагии мардум ворид  шудааст, ки ҳамакнун сӯҳбат дар атрофии он як сӯҳбати муқаррариесту бас. Ҳатто кӣ ба куҷо рафтааст, кай омадааст, чӣ овардааст, ба хонадонаш чӣ кӯмак кардааст, ҳеҷ касро на ба ваҷд меорад, на ба эҳсосот ворид месозад, на таваҷҷӯҳашонро ҷалб мекунад…

-Панҷ нафар?-боз ҳам тоқат накарда холаро фаҳмиданӣ мешавам.

-Ҳа, панҷ нафар. Чор писар ва як духтарам. (Ин дафъа холаи Банавша оҳи чуқуре мекашад). Умед, Ҳофиз, Хушбахт, Меҳрубон ва Малика.

-Ҳамаи онҳо дар Русияанд?

-Ҳа, бале, ҳамаашон дар Москваанд. Аз ин ҷиҳат дилам пур. Агар дар шаҳрҳои гуногун мебуданд, ташвиши ман боз зиёдтар мебуд. Хайрият, ки дар як шаҳранд ва ҳамдигарро зуд-зуд хабар мегиранд.

-Аз кай боз дар Русияанд?

-Ҳе, намедонам писарам, ин қадар сол гузашт, ки сару ҳисобаш гум.

Пеш аз ҳама писари калониам Умед ба Руссия рафт, аниқ намедонам кадом сол буд, вале тақрибан 14-15 сол пеш буд. Баъд аз вай Ҳофиз, пас аз ӯ Меҳрубону Хушбахт ва охирон духтарам Малика ба муҳоҷират баромаданд. Вале ман беш аз ҳама ӯро пазмонам. (Холаи Банавша ба нуқтаи номуайяне нигариста монд). Маликаҷонам низ баъд аз хатми коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе дар талаби ҷои хуби кор буд, вале аз даромади пасти меҳнаташ  маҷбур роҳ сӯи Маскав гирифт. Дар он ҷо ҳозир корманди анбори як маркази савдои фаронсавӣ дар Маскав аст.

-Фарзандонатонро сахт пазмон мешавед?

- Чӣ хел модар бошаму пазмон нашавам? – дар чеҳрааш аз суоли мо ҳайрат ҳувайдо шуд. Девона мешавам баъзан… Чанд сол пеш тамоман мушкил буд. На қариб телефон буду на мобилу на почта кор мекард. Моҳҳо дар бораи фарзандонам иттилое намегирифтам. Шукр, ҳазор шукр, ҳоло аз болои ҳар як харсанги баромада бо бачаҳоям сӯҳбат мекунам (табассум мекунад). Бисёр вақт фарзандонамон худашон телефон мекунанд. Мегӯянд, ки пулатон сарф нашавад.

 

-Чаро шумо розӣ шудед, ки панҷ нафар фарзандонатон ба Русия раванд?

ӣ кор ҳам мекардам? Ва онҳо ҳам дар ин ҷо нишаста чӣ кор мекарданд? Мана писаронам Шаҳбоз ва Ҷовид маълумоти олӣ гирифтанд. Чанд вақт кор ҳам карданд. Вале пуле, ки гирифтанд, бовар кунед, барои шикамсеркунӣ ҳам намерасид. Дар бораи либос, рахти хона, рехту рези хона ҳоҷати гап задан ҳам набуд.

-Ҳоло чӣ?

-Ҳоло шукри Худоро, мушкиле надорем. Яъне ман гуфтаниам, ки дар мавриди таъмини пулии хонаводаамон мушкиле надорем. Фарзандонам ҳар моҳ пули казоӣ мефиристонанд. Шукри ин замону ин давлат, ки пулфиристонӣ ва пулгирӣ ҳам хеле осон шуд.  Солҳои пеш писаронам бо чӣ қадар машаққат ба мо пул роҳӣ мекарданд. Аксаран он пул дар роҳҳо гум ҳам  мешуд, ё одамон он амонатро ба дастамон намерасонданд. Ҳоло марҳамат, баъди як соат пули аз Маскав роҳишуда ба Тусиён мерасад.

Аммо… (дар қиёфаи холаи Банавша ҳузн пайдо мешавад). Аммо аз як тараф фикр кунӣ, фарзандонатон ҳама дар ғарибӣ, маълум нест дар кадом шароит кор мекунанд, пулро чӣ тавр пайдо мекунанд, вазъияташон чӣ гуна аст. Худатон аз телевизор мебинед, ки чӣ гуна мушкил дар он ҷойҳо, қариб ҳар рӯз инфиҷор, ҳар рӯз одамкушӣ, скинхеду балову батар…(оҳи сард мекашад). Сипас муаллимаи собиқ бо таассуф дар бораи он гуфт, ки  моҳи апрел барои тамоми модарони тоҷик, ки фарзандонашон дар Маскав кор мекунанд, барои моҳи таваллуди Гитлери лаин буданаш ба як моҳи ғаму ғусса ва нигаронӣ табдил ёфтааст.

-Писаронатон дар Маскав ба чӣ кор машғуланд?

-Умедҷон ва Меҳрубон бо сантехника машғуланд, Ҳофизу Хушбахт ҳамчун устоҳои сохтмонӣ кор мекунанд.

-Оё дар он ҷо ба ягон мактаб шомил нашудаанд, ки касбҳои дигарро аз худ кунанд?

-Не, чаро? Ман аз фарзандонам аз ин ҷиҳат розиям, ки дар як ҳол қарор намегиранд, дар такопӯянд. Анна писарам Ҳофиз аллакай шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагиро гирифт, ҳозир бошад, курси сантехникиро мехонад. Меҳрубонҷонам соли гузашта як мактаби техники шаҳри Маскавро хатм кард ва соҳиби диплом ҳам шуд.

-Фарзандонатонро зуд-зуд мебинед?

-На он қадар. (дар чеҳрааш аломати норозигӣ пайдо мешавад). Умедҷон, Меҳрубон ва Ҳофиз аллакай шаҳрванди Русияанд. Аз ин рӯ қариб, ки ҳеҷ намеоянд. Ҳофизҷонам на танҳо шаҳрванди он ҷост, балки зани рус ҳам гирифт ва хона ҳам харид.

-Шумо издивоҷашро чи гуна қабул кардед?

- Чи хел ҳам қабул мекардем. Албатта барои падару модар манъ кардани чунин тасмими фарзанди ба балоғат расида хеле мушкил аст. Вале илоҷ надоштем. Росташ, барои Ҳофиз дар ҳамин ҷо духтареро таги чашм кардем. Албатта, беҳтар мебуд, агар зани тоҷик мегирифт.

-Чаро?

-Ана аз худи як деҳаи мо чи қадар ҷавонон зани русӣ гирифтанд? Ҳисобаш гум. Магар ин зарур аст? Дар ҳоле, ки даҳҳо ҷавондухтаронамон орзуманди шавҳарҳои хуб аз миёни ҷавонони маҳаллӣ ҳастанд. Магар он фарзандонамон, ки зани ғайр гирифтанд, дубора ба ватан бармегарданд? Магар фарзандонашон забон, урфу одат ва дину оин, фарҳанги моро мепазиранд? Магар писарҳои зани ғайр гирифтаамон аз даст намераванд? Оё шумо боварӣ доред, ки тоҷик мемонанд?  Барои писаронамон шояд издивоҷ бо занҳои ғайр хуб бошад, вале миллат аз ин зиён мебинад-ку?

-Шумо ин бегонашавиро чи гуна ҳис кардед? Ягон бор ба Русия пешашон рафтаед?

-Як вақт рафтанӣ будам, фарзандонамонро, ки дер боз надида будам, мехостам бубинам, аммо онҳо қарор доданд, ки дигар худашон бо навбат хабарамон мегиранд.

-Мехоҳед, ки фарзандонатон ҳама баргарданд?

ӣ саволе?  Чаро намехостаам?

Ҳазор шукр,  ватани мо тинҷ шуд.  Мардуми мо осуда шуд. Фарзандони мо бояд баргарданд. Ватанамонро худамон обод накунем, ки обод  мекунад? Ана дар худи Тусиёни мо вақтҳои охир бинед, чи қадар навигариҳо шудаанд, Ҳамаи ин бо дастони мо шуд –ку. Пас фарзандонамон омада, дар ободии диёрамон бикӯшанд, хубтар мешавад.

-Шумо ҳам дар анҷоми кори хона  ва қишлоқ хаста шудагистед?

-Шукр, ки ба корҳои хона қуввати ману Махмурбек мерасад. Дар қишлоқ чӣ корҳоянд, худатон медонед, алафдаравӣ, ҳезумҷамъкунӣ, нигаҳдорӣ ва бонӣ кардани ҳайвонот , барфрӯбӣ, хизмат дар суху ғам (маросимҳои тӯю азо) ва дигар корҳои майда-чӯйда… Ману Махмурбек ҳоло бақувватем. (хандаи беолоиш).

-Оё  ба пуле, ки фарзандонатон аз хориҷ мефиристанд, хонаводаатон ягон бизнеси худӣ ташкил кардааст?

-Зиндагии мо, Худоро шукр, серу пур аст, ба бизнес чӣ кор дорем? Ба ҳамин аҳволамон ҳам сад шукр.

-Барои ҳамин саволам аввал узр мепурсам, вале бигӯед, ки пули аз хориҷ дохилшударо асосан ба кадом мақсад истифода мебаред?

-Ана Шаҳбозҷонам факултаи иқтисоди донишгоҳи Хоруғро тамом кард. Дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил мекард. Бародараш аз Маскав роҳӣ мекард. Ҳозир писарам Ҷовид низ ҳамин мактабро мехонад. Пули нафақаи муаллимиамон фақат барои пардохти хароҷоти барқ мерасад. Тамоми зиндагии мо аз пушти пулҳое, ки фарзандонамон аз Русия мефиристанд, мегузарад.  Агар онҳо он вақт ба ҷустуҷӯи кор намерафтанд, ин ҳам вазнин мебуд барои мо. Даҳ- дувоздаҳ нафар таомхур дар як хона, албатта мушкил.

Шукри Худо, ки фарзандонамон ҳамеша ба мо кӯмак мекунанд. Моҳе нест, ки ба мо ёрӣ нарасонанд. Вале, мутаассифона…(хола боз оҳи чуқур мекашад)… фарзандоне ҳастанд, ки… Ана дар худи маҳалли мо… Баъзе баччаҳо, солҳост, ки ба ном ба Русия ба кор рафтаанд. Падару модари бечораашон  дар ин ҷо умедвор, ки фарзандонашон дар он ҷо кор мекунанд ва вақти пирӣ дасташон мегиранд. Аз онҳо ба падару модаронашон моҳҳо на, солҳо кӯмаке намерасад, ба ҷуз эсэмэсҳои (sms)  кӯтоҳ.

Сӯҳбати мо дар ҳоли анҷомёбист. Ин замон занги телефонии мобилии холаи Банавша баланд мешавад. Хола телефонро аз кисааш бароварда , ба таблояш назар медӯзад.

-Ин Писарам, Ҳофизҷон, аз Москва! – бо ифтихор ва шодмонӣ эълон мекунад ӯ. – Вай қариб ҳар рӯз аз ҳолу аҳволи мо хабар мегирад, ба мо рӯ оварда гуфт ва сипас аз аҳволи Ҳофиз ба сӯҳбати тӯлонӣ пайваст.

Мо ба сӯҳбати холаи Банавша халал нарасонда бо ӯ хайрхуш кардем.

Алишер Ҷунайдов. «Рӯзгор» Хоруғ.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ