МАРГИ МУҲOҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ШАҲОДАТ АСТ!
Дар ҳамлаи террористие, ки дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав ба вуқӯъ пайваст, ду ҳамватани мо ҷони худро аз даст доданд. Онҳо ба мартабаи шаҳидӣ расиданд-, мегӯяд домулло Абдуллоҳ, сархатиби масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ…
Имрӯз муносибати мардуми тоҷик дар дохил ва хориҷ аз кишвар ба тобути муҳоҷирони кории тоҷик ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Барои мисол, агар дар соли 2009 теъдоди муҳоҷирони кории фавтидаи тоҷик аз хориҷи кишвар 784 нафарро ташкил дода бошад, дар соли 2010 ин теъдод тақрибан 10 даҳ дар сад афзоиш ёфтааст ва табиист, ки мардуми мусалмон нисбат ба он бетараф буда наметавонанд. Яъне, мурдаро дар куҷо бояд гӯронанд? Оё аз диди шариъат ҷоиз аст, узвҳои алоҳидаи шахси фавтидаро пеш аз гӯронидан дар “МОРГ” аз тани вай ҷудо кунанд ва баъд аз чанд рӯз онро ба хок супоранд? Ин дар ҳолест, қиммати қитъаи замине, ки дар кишварҳои муҳоҷирталаб барои мурда ҷудо мешавад, ройгон ва арзон нест.
Худои карим дар Қуръони маҷид мефармояд: “Ва ба ростӣ мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро бар баҳру хушкӣ (бар нақлиёти гуногун) савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додем ва бар бисёре аз махлуқоти хеш бартариашон ниҳодем” (Исро, ояи 70). Аз ҳамин ояи карима бар меояд, ки гиромидошти фарзанди одам ҳам дар ҳолати зинда будан ва ҳам дар ҳолати баъд аз марг, ҳамоно бетағйир боқӣ мемонад. Чунки инсон аз дигар мавҷудоти олам фарқ ва бартарӣ дорад. Ба ҳамин хотир, ба ӯ рӯзии покиза раво дониста шудааст. Баъд аз тарки ин дунё низ ҳамоно ҷасади беҷони фарзанди одам арзиши худро гум намекунад ва бояд онро ҳар чӣ зудтар, тибқи садо, фарёдҳои худи мурда, тезтар ба манзили охираташ-қабр бирасонем, то ҷасади ӯ олудаи ҳар чизе нашавад.
Мурдан амри Ҳаққ аст ва ҳар ҷо ки насиб ва рӯзии мо канда шавад, ҷонамон ҳамон ҷо аз ҷасад хориҷ хоҳад шуд. Фасли ҷон аз бадан васли охиратро ба ёд меорад ва мо барои ҳамеша намемирем, балки фурсати дар дунё барои мо ҷудо шуда тамом мешавад ва марҳилаи нави зиндагӣ дар олами барзах моро интизор аст. Ба ҳамин хотир ҷасади беҷонро ҳар чӣ зудтар ба хонаи охираташ-қабр мегуселонанд то ҳар чӣ зудтар ҳаёти навро оғоз кунад. Аз нигоҳи шариъати ислом, замин ҳамааш барои мусалмон ватан аст ва ҳар ҷо, ки бимирад, бародаронаш метавонанд ҷасади ӯро ҳамон ҷо ба хок бисупоранд.
Дар робита ба ҳамин мавзӯъ бо домулло Абдулло, сархатиби масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Чортут, бо номи бобои Машраб (падари Хол Машраб, раиси собиқи ноҳияи Рӯдакӣ) сӯҳбате анҷом додем:
-Оқои Домулло, аз нигоҳи шариъат, одаме, ки мефавтад, ҷасади ӯ чӣ қадар бояд нигоҳ дошта шавад, як рӯз, ду рӯз, як соат, даҳ соат ва хулоса чанд муддат?
-Ба номи Худои кариму раҳим, дар ҳадисе Расули Акрам(с) ба ин маъно фармудааст, ки се чизро бояд шумо таъхир накунед: аввал, инсоне, ки аз дунё гузашт зуд бояд ӯро гӯр кунед. Ба хотири он ки дунё ба хотири одамҳои зинда зебанда аст. Инсоне, ки аз дунё гузашт, ҷои вай қабристон аст, беҳтараш зуд ба онҷо бурда шавад. Дуввум, вақте ки духтар ба балоғат расид ва барои вай ҳамсари хуб ва муносиб пайдо шавад, бояд чунин духтаронро зуд ба шавҳар диҳем. Сеюм, вақте ки таъом ҳозир шуд, онро дар вақташ тановул намуд. Дигар дар бораи манъ кардани мурда чизе омадагӣ нест. Беҳтар аст, ҳар чӣ зудтар ба қабристон бурда шавад.
Дар ривояти дигаре Пайғамбари Худо(с) аз забони мурда, ки мо онро фаҳмида наметавонем, мегӯяд, мурда ба ворисонаш мегӯяд: “қаддимунӣ”, “қаддимунӣ”, “қаддимунӣ”, яъне маро ҳарчӣ зудтар, ҳар чӣ зудтар ва барвақттар ба хонаи охират-қабр гусел кунед. Мурда бо ҳамин ҳарфҳо садо мекардааст. Афсӯс, ки мо сухани марди фавтидаро намешунавем. Ҳамин, ки аз дунё гузашт, муфоқи ҳадисҳои Расули Худо (с) дигар як соат манъ кардани мо кори ғалат аст. Вақте ки ҷон аз баданаш баромад ва ҷасадаш хунук шуд, беҳтар он аст, тезтар ғусл дода шавад ва тезтар ба қабристон бурда шавад.
-Домуллои азиз, дар ҳамин замина суоли дигаре низ пайдо мешавад, яъне касе, ки мемурад ва ҷасади ӯро ба бемористон - “МОРГ” бурда, баъзе узвҳои дарунии мурдаро бигиранд, чанд рӯз онро дар бемористон манъ кунанд, дар ин сурат чӣ бояд кард?
- Аз нигоҳи шариъат, гирифтани дилу ҷигар ва ё баъзе узвҳои дарунии шахси фавтида ҷоиз нест. Аммо агар ҳолатҳои ҷиноӣ бошад ва барои ташхиси он ҷасади мурдаро ба бемористон интиқол бидиҳанду дар он ҷо барои чанд муддат ҷасади мурда берун аз хок бимонад, ин аз ҷумлаи масъалҳои зарурӣ ба ҳисоб рафта, барои зарурат ҷоиз аст ва ба шарти он ки баъд аз аз анҷоми ташхис, бояд, ҳар чӣ зудтар онро ба хок биспоранд.
- Домулло Абдуллоҳ, рафтаву як шахс мурданашро эҳсос мекунад ва дар ҳоле, ки ӯ берун аз зодгоҳаш зиндагӣ дорад, барои ин мард лозим аст, ки пеш аз мурдан васият намояд, ки ҷасади ӯро ба зодгоҳаш бибаранд?
- Ин гап ғалат аст. Барои шахси мусалмон ҳамаи замин ватан аст ва шарт нест, ки ҷасади мурдаро аз як ҷо ба ҷои дигар интиқол бидиҳем ва хароҷоти иловагиро низ бикунем. Барои мисол, мурдаро аз Хатлон ба Бадахшон ва аз Душанбе ба Кӯлоб бибаранд. Ин рафтор гувоҳ аз камдонистани мо аст ва шарт ҳам нест, ки мурдаро азоб дода, аз як шаҳр ба шаҳри дигар бубарем.
- Оқои Абдуллоҳ, барои мисол, калонсоле пеш аз мурдан ба фарзандони худ васият мекунад, ки вақте ман мурдам, ҷасади маро дар паҳлӯи фалон шахси мӯтабар ё бобову бибиям гӯронед. Ё ин ки ҳамакунун тоҷикони зиёде дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, аммо пеш аз мурдан васият мекунанд, ки ҷасади онҳоро, бо вуҷуди хароҷоти зиёд, ба зодгоҳашон, Тоҷикистон биоранд. Васияти чунин ашхоси мурда вобаста ба гӯронидан то кадом ҳад бояд амалӣ шавад?
- Аз нигоҳи шариъати ислом чунин васиятҳо ботил аст. Агар фард фақат дар ҳолати зинда буданаш дар бораи молу дороияш васият кунад, ки молу дороии маро тақсим кунед, агар сиҳатманд бошад ва дар ҳукми бемор набошад, кулли молаш тибқи ҳамон васият тақсим карда мешавад. Аммо агар дар ҳолати бемор буданаш васият кунад, сеяки молашро тақсим мекунанд ва ду яки дигарро барои фарзандонаш мегузоранд.
- Аксар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд ва ба ҳукми тақдир насибашон буд мешаваду дар онҷо бо сабабҳои мухталиф мефавтанд, мо мурдаи онҳоро бояд чӣ ном бубарем: муҳоҷироне, ки мурдаанд, муҳоҷироне, ки ҳалок шуданд ва ё муҳоҷироне, ки кушта шуданд ва ... ё ба шаҳодат расидаанд? Зеро аксари ин мардуми бечора барои пайдо кардани қути лоямут ва ба даст овардани рӯзии худ ва фарзандон озим Русия мешаванд. Ислом дар ин маврид чӣ пешниҳод ва ё тавсияи дорад? Хитоби мо ба мурдаҳои муҳоҷир чӣ тавр бояд бошад?
-Дар ҳадиси Расули Худо (с) мехонем, ки марге, ки дар ғурбат фаро мерасад, соҳибашро ба яке аз манзалаҳои шаҳодат мерасонад. Ба шаҳодат расидан ҳам шарт дорад. Чунки мо аз ривоёти мухталиф медонем, ки шаҳодат чанд зина дорад ва олитарин он кушта шудан дар роҳи Худост. Марги дар ғурбат низ инсонро ба шаҳодат мерасонад, ба шарте, ки агар дар вақти мурдан фард кофир набошаду низ гирифтори амалҳои зишт ва нораво ба мисли нӯшидани машруботи спиртӣ ё маводи мухаддир, зино дуздӣ ва амсоли онҳо набошад.
Лекин инсонҳои поксириште, ки ба хотири қути лоямут тарки хонаву ватан карда, муҳоҷир шудаанду бегуноҳ кушта мешаванд, бемор мешаванд.. ва ё аз баландии сохтмон, дар ҷои кор афтида, ҷони худро аз даст медиҳанд, тибқи ривоятҳо мо онҳоро шаҳид мегӯем. Хушо ба ҳоли шаҳидони поксириште, ки аз роҳи ҳалол рӯзӣ худ ва фарзандонашонро таъмин мекарданд…
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/4257-2011-01-25-18-17-38.html