03:28:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАВАНДИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ТАНЗИМ МЕГАРДАД

 

 Чанде қабл ҳайати чилнафараи гурўҳи корӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Краснодари Федератсияи Россия сафарбар карда шуданд. 

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гурўҳи мазкур чанде пеш дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барои дарёфти ҷойҳои кори холӣ дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия роҳхат гирифтанд. Роҳхатгирифтагон аз минтақаҳои Хатлону Кўлоб, Данғара ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷамъ омада буданд.

Ёдрас мешавем, ки рўзҳои 20 то 24 апрели соли 2009 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Данғара, Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда буд.

Дар ярмарка-чорабинии мазкур ширкатҳои ватаниву хориҷӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон иштирок намуда, беш аз чор ҳазор нафар бо ҷойҳои кории холӣ дар кишвар ва берун аз марзи он бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҳамчунин соли 2009-ум бо ибтикори Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати сохтмони биноҳои Олимпии шаҳри Сочии вилояти Краснодари ФР барои понздаҳ ҳазор нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009-2014 квотаҳо муайян гардиданд. Роҳхатгирифтагон ҳар ҳафта, тариқи ҳавопаймо ба кишвари Краснодар равона мегарданд.

Ҳамчунин бо дастгирии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биржаи меҳнатии ҷавонон ба корхонаи маҳсулоттайёркунии «Бунятина» гурўҳи 70 нафара, ки аз он теъдоди 43 нафарро мардон ва 25 нафар занон ташкил менамуданд ба кор сафарбар гардиданд.  

Ибодат Давлатова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi