23:23:05 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

“ФАРАЖ” МИНБАЪД ҲАФТАЕ ДУ МАРОТИБА ЧОП МЕШАВАД

Шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Фараж” ин ҳафта дар рӯзи душанбеи 31 август мунташир шуд. Интизор меравад аз ин ба баъд ин нашрия ҳафтае ду маротиба мунташир шавад. Ин нахустин нашрияи мустақили сиёсию иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз ин пас ҳафтае ду маротиба мунташир мешавад. Тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон нашрияи рӯзмарра вуҷуд надорад.

Соҳибназарон мегӯянд, ки тасмими масъулони "Фараж" ба чопи ин нашрия дар ҳафтае ду бор иқдоми нахусте ба сӯйи роҳандозии чопи ҳаррӯзаи нашрияҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вале Хуршеди Атовулло, сардабири ин нашрия, дар мавриди то чи андоза муваффақ будани ин иқдом зоҳиран чандон мутмаин нест: “Ҳоло наметавонам дақиқан бигӯям, ки ин амр қадамест ба сӯйи роҳандозии чопи ҳаррӯзаи нашрия, вале ин орзӯи мост.”

Ба эътиқоди соҳибназарон “Фараж” аз ҷумлаи нашрияҳоест, ки дар миёни хонандагон аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст. Тирожи як шумораи ин ҳафтанома ҳудуди даҳ ҳазор нусха арзёбӣ мешавад, ки дар шароити Тоҷикистон болотар аз мизони мутавассити нашрияҳои дигар аст.

Чопи ду шумораи “Фараж” дар ҳафта дар ҳоле амалӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон аз оғози аҳаи 1990 ба ин сӯ нашрияе, ки ҳамарӯза чоп шавад, вуҷуд надорад. Танҳо нашрияҳои расмии “Ҷумҳурият” ва "Садои мардум" ва нашрияи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, мавсум ба "Минбари халқ", ҳафтае ду ё себорӣ мунташир мешаванд.

Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки дар як соли ахир вазъи бозори матбуъот дар Тоҷикистон тағйир ёфта ва ҳамакнун шароит барои роҳандозии чопи шумораҳои бештаре аз нашрияҳо пайдо шудааст. Аз ҷумла, ба эътиқоди вай, оғози тадорукот барои роҳандозии системи ҷадиди тавзеъи нашрияҳо умедворкунанда аст ва интизор меравад ин амр шароитро барои афзоиши чопи нашрияҳо дар ҳафта фароҳам мекунад.

Алорағми назари бархе аз коршиносон, оқои Атовулло муътақид аст, ки хонандаи тоҷик ба нашрияи ҳаррӯза ниёз дорад ва аз имкони харидории он бархурдор аст. Фаъол шудани чанд чопхонаи мустақил, ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, низ ба роҳандозии нашрияҳои ҳаррӯза мусоъидат кардааст.Вай афзуд, ки дар гузашта интишороти “Шарқи озод”, ки бисёре аз нашрияҳои чопи Душанбе дар он ҷо мунташир мешаванд, аз чунин шароит бархурдор набудааст.

Ҳоло “Фараж” дар чопхонаи хусусии “Оила принт” мунташир мешавад ва ба гуфтаи оқои Атовулло, ҳамакнун онҳо аз шароити чопи ҳаррӯзаи нашрияҳои худ бархурдор ҳастанд. Вале Хуршеди Атовулло танҳо сардабири нашрияе дар ин кившар нест, ки қасди чопи ҳаррӯзаи ҳафтаномаи худро дорад.

Акбари Саттор, муассис ва сардабири чанд нашрияи хусусӣ, низ эълом карда, ки дар зудтарин фурсат чопи нашрияи рӯзмарра ё рӯзномаеро, ки ҳануз исмаш мушаххас нест, роҳандозӣ мекунад. Қарор аст ин рӯзнома ба ду забон - тоҷикӣ ва русӣ, мунташир шавад. Дар гузашта оқои Саттор ба роҳандозии чунин як нашрияе иқдом карда буд, вале баъд аз интишори чанд шумора, чопи он мутаввақиф шуд. Он замон ӯ гуфта буд, ки ин нашрия ба далоили молӣ мутаваққиф шуд.

Масъулони нашрияҳои хусусӣ ҳамчунин изҳор медоранд, ки мушкилоти кодрӣ аз мавонеъаи дигар дар роҳандозии чопи рӯзномаҳо ё нашрияҳои ҳамарӯза дар Тоҷикистон аст. Вале, Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки ин амр чандон мушкили ҷиддие нест. Вай афзуд, ки дар назди Маркази таҳқиқоти журналистӣ, ки раҳбарии онро худаш ба ӯҳда дорад, як “мактаби хабарнигорӣ” таъсис шудааст ва фориғултаҳсилони донишкадаҳои хабарнигории Тоҷикистон дар зарфи се моҳ дар ин ҷо омӯзиш мебинанд.

Ба гуфтаи вай, се нашрияи Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, яъне ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Ману ту” ва “Гол” бо мушкили камбуди хабарнигорони ҳирфаӣ рӯбарӯ нестанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон дар умури расонаҳо мегӯянд, ки роҳандозии чопи рӯзнома дар Тоҷикистон бидуни мусоъидати молии давлат, бахши хусусӣ ва ё созмоне дигар ғайримумкин аст.

Вале Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки ҳоло чопи ду шумораи нашрияи “Фараж” дар ҳафта танҳо бо истифода аз даромади чопи шумораи пешин сурат мегирад ва ӯ итминон дорад, ки идомаи ин амр бидуни кумаки молии касе ё ниҳоде низ имконпазир аст.

Аз сӯйи дигар, ба эътиқоди бархе аз коршиносон, набуди озодии комили баён дар Тоҷикистон аз илали дигари роҳандозӣ нашудани матбуъоти ҳаррӯза дар ин кишвар аст. Ин коршиносон ба эҷоди мавонеъи мухталифе аз сӯйи мақомҳои давлатӣ дар фаъолияти нашрияҳои мустақил ишора мекунанд.

Созмонҳои нозир бар вазъи расонаҳо ва матбуъот ҳамвора дар гузоришҳои худ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон интиқод мекунанд ва ин кишвар дар феҳристҳои озодии баён маъмулан дар радаҳои ахир қарор мегирад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi