22:54:27 02-уми Июни 2025 сол

СЕ БУНГОҲИ ХАБАРӢ ДАР ВОДИИ РАШТ

Шоми якшанбеи рӯзи 27-уми феврал тамошобинони телевизиони «Сафина» дар яке аз барномаҳои таҳлиливу иттилоотии ин телевизион  нахустин гузориши хабарнигори ин расона дар водии Рашт Далер Сафарро дар бораи «Осорхонаи деҳаи Ҷайлған»-и ноҳияи Ҷиргатол тамошо карданд.

 

Daler SafarАз ин ба баъд бунгоҳи хабарии телевизони «Сафина», ки дар маркази ноҳияи дурдасти Ҷиргатол истиқрор ёфтааст, ба фаъолияти доимии худ дар водии Рашт шурӯъ кард. Ҳамин гуна бунгоҳи хабариро телевизони «Ҷаҳоннамо» дар ноҳияи Нуробод ифтитоҳ намудааст. Хабарнигори ин телевизон дар водии Рашт журналисти ҷавон Нилуфари Маҳмуд дар ҳамин рӯзҳо ба фаъолияти хабарнигории худ дар ин минтақа пардохт. Бунгоҳи хабарии Шабакаи аввали телевизиони тоҷик дар маркази ноҳияи Рашт қарор гирифтааст. Гузоришҳоро барои ин расона рӯзноманигори собиқадор Идигули Маҳмуд  омода месозад.

 

Ҳамин тариқ телевизионҳои «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва Шабакаи аввали ТВТ аз ин ба баъд дар се ноҳияи минтақаи Рашт хабарнигорони доимии худро хоҳанд дошт. Ба гуфтаи Далер Сафар, хабарнигори телевизиони «Сафина» дар Раштонзамин, бунгоҳҳои хабарӣ бо дастгоҳҳои ҳозиразамони омодасозии хабар ва ирсоли он аз тариқи Интернет муҷаҳҳазанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари ин бунгоҳҳои хабарӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ хазина ҷудо намудааст.

 

 

Хабарнигорон дар сурати пеш омадани зарурат барои сари вақт ирсол кардани иттилоот аз имкониятҳои техникии бунгоҳи хабарии якдигар метавонад истифода намояд. Ҳадафи асосии дар се ноҳияи мухталиф таъсис додани бунгоҳҳои хабарӣ таҳти пӯшиши хабарӣ қарор додани ин минтақа ва сари вақт дастраси муштариён намудани рӯйдодҳои ин диёр мебошад.

 

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари даргириҳо миёни мақомоти марбутаи ҳукумат ва нирӯҳои ҷангҷӯ дар ин минтақа, ки дар пай оқибатҳои асафбор дошт, тӯли чанд муддат аҳолии кишвар аз дастрасӣ ба иттилооти саривақтӣ аз ин  водӣ маҳрум буд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4547-se-bungohi-khabari-dar-vodii-rasht.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854