11:53:52 06-уми Июни 2025 сол

ШИКОЯТИ "АВЕСТО" АЗ ЧАҲОР МУАССИСАИ ХУСУСӢ ВА ДАВЛАТӢ

Хабаргузории «Авесто» аз роҳбарони 4 муассисаи хусусӣ ва давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст. Муассиси «Авесто» ва нашрияи «ФК» даъво доранд, ки ширкатҳои «Сомон эйр», «Вавилон-М», «Барқи тоҷик» ва «Воҳиди махсус» -и ВКД аз посух ба номаҳои расмии онҳо сарфи назар кардаанд.

 

додгохМасъулини хабаргузории «Авесто» мегӯянд, ки бархе аз ин муассисаҳо бештар аз як сол ба ин ҷониб дархости хабаргузориро дарёфт кардаанд, вале ҳамчунон бо вуҷуди таъкидҳои мукаррар ба он посух нагуфтаанд. Хабарнигорони «Авесто» умедворанд, аз раиси «Барқи тоҷик» - Абдулло Ёров, раиси «Вавилон -М» Беҳзод Файзуллоев, сардори «Воҳид махсус»-и милиса Ҳабибулло Маҷидов ва раиси «Сомон эйр» Алишер Рустамов ба сурати мустақим дар толори додгоҳ ба суолҳои худ посух бигиранд.

 

Дар баёнияе, ки худи хабаргузории «Авсето» нашр кардааст, гуфта мешавад, ки зимни навиштан ва фиристодани номаҳои дархостӣ, ҳама меъёри қонунгузорӣ риоя шудааст. Ва суолҳои матраҳшуда дар ин дархостҳо аслан ба мушкилоти ин муассисаҳо ва робитаи онҳо ба сохторҳои дигар ва инчунин рӯйдодҳо таъкид шудааст.

 

Хабаргузории «Авесто» даъво дорад, ки муссисаҳои номбурда бо ин амали худ, аз ҷумла бандҳои 27, 31, ва 36 Қонуни матбуот, бандҳои 16 ва 17 Қонуни ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот ва Фармони шумораи 622 Раиси ҷумҳурро зери по кардаанд. Хабаргузории «Авесто» гуфтааст, ки ҳамчунин қасд дорад дар зудтарин фурсат аз болои чандин муассисаи дигар низ ба додгоҳ муроҷиат кунад.

 

Барои авалин бор аст, ки идораи як расонаи хабарӣ дар Тоҷикистон барои риоя нашудани ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот ва махсусан муқаррароти Қонуни матбуот аз болои муассисаҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Агарчанд маълум нест, ки қарори додгоҳ дар ин маврид чӣ гуна хоҳад буд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4127--qq------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854