16:58:40 21-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Кароматуллоҳи Аҳмад: «Якеро мекушад килкам, якеро зинда месозад»

Кароматуллоҳи Аҳмад дар журналистикаи даврони соҳибистиқлолӣ азҷумлаи рӯзноманигорони камшуморе буд, ки бо вуҷуди ба ҷое расидани синну солаш ( ба вақти марг беш аз 65 сол дошт)аз такопуву аз ҷустуҷӯҳо лаҳзае ором намегирифт. Ҳамеша дар пайи хабари наву сухани тоза барои ҳаводорони қаламаш буд.

karomatullohi-ahmad 21565448Бубинед, ҳатто чанд соат қабл аз доии аҷалро лабайк гуфтан, дар нишасти матбуотие ширкат карда, савол додаву посух ҳам гирифтааст. Ва баъдан ҳангоми таҳияи мавод дар ҷойи кораш ҷон ба Ҳақ супурдааст. Ӯ нисбат ба касби интихобкардааш садоқати камназир дошт. Замоне бо ӯ қариб, ки ҳар ҳафта, рӯзи панҷшанбе дар Кохи журналистони хиёбони Саъдии шаҳри Душанбе вомехӯрдем.

Баробари сар ба сар шудан, баъди салому алайк худораҳматӣ аз корҳои эҷодии якҳафтаинааш як навъ ба гуфтаи худаш «ҳисобот» медод. «Фалонии яксаду чандсоларо дидаму дуояшро гирифтам, фалон қадар наберау фалон қадар абера доштааст. Сирри дарозумриаш дар фалон кораш будааст… Бо фалон Артисти халқӣ, ки солҳо азёдҳо фаромӯш шуда буд, дар хонааш мусоҳиба кардаам. Гапҳои тозае гуфтааст… ва ғайраву ва ҳоказо». Дар тӯли 3-4 дақиқа хабарҳоеро мегуфт, ки дар як ҳафта ҳам ҷамъ кардану таҳия намудани онҳо чандон кори осон набуд.

Вале худораҳматии Кароматуллоҳ бо он шавқу рағбате, ки ба касбаш дошт, бо он таҷрибае, ки дар журналистика андӯхта буд, аз уҳдаи ҳамаи ин корҳо ба осонӣ мебаромад. Ва фикр мекунам, аксари сармуҳаррирони рӯзномаҳои кишвар орзу мекарданд, ки мисли ӯ рӯзноманигоре дошта бошанд, ки ҳамеша дар кори худ комёбу муваффақ бошад. Расо даҳ сол муқаддам буд. Чанд рӯз пас 10 солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори Сулҳу оштии миллӣ дар кишварро дар ҷумҳурӣ таҷлил мекардем. Кароматуллоҳ маро ба ҳуҷраи кориаш, ки дар таҳхонаи ҳамин бинои Марказии журналистони кишвар буд, даъват намуд ва бо камина дар бораи раванди сулҳи тоҷикон суҳбате доир кард.

Дар арафаи ҷашни иди Рӯзи Ваҳдат ин мусоҳиба таҳти унвони « Султони Ҳамад: Сулҳи тоҷикон аз Хустдеҳ маҷро гирифт» дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба нашр расид. Имсол мардуми кишварамон бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ 20 солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар кишварро ҷашн мегиранд. Ба ифтихори ин воқеъаи таърихӣ ва ба хотири ёди неки Кароматуллоҳи шодравон дар Рӯзи матбуот дар сомонаи «Рӯзгор» бознашр намудани ин мусоҳибаро ман холӣ аз манфиат намедонам.

Ва боз як гапи дигар.Ҳамон рӯзи мусоҳиба ман бо аксбардорам чанд лаҳза акси Кароматуллоҳи шодравонро гирифта будам ва низ хоҳиш кардам, ки дар зарфи як дақиқа ҳарчизе ки дилаш мехоҳад бигӯяд, то бо аксбардорам сабти видеоӣ кунам. Розӣ шуд. Инак ин навор бори аввал ба нашр мерасад. Дар он Кароматуллоҳ ин байтҳоро қироат кардааст:

«Якеро мекушад килкам, якеро зинда месозад,

Намеояд зи шамшер он чи аз теғи забон ояд,

Имрӯз туро қасри забарҷад созанд,

Таъриф кунанд аз ту Муҳаммад созанд.

Чун даргузарему гӯрҳамсоя шавем,

Гӯри ману туву ту баробари қад созанд.

Ин шеър шеъри Лоиқ Шералӣ аст. Ҳамзабону ҳамасри мо буд. Ин хел шеъри баландро, ки исломӣ ҳам ҳаст, ҳеҷ кас нагуфта буд.

Саъдӣ ҳам мегӯяд:

Ёд дорӣ ба вақти зодани ту,

Ҳама хандон буданд ту гирён?

Он чунон зӣ, ки баъди мурдани ту,

Ҳама гирён шаванду ту хандон.

Вақте, ки устод Носирҷон Маъсумӣ вафот карданд, устод Мирзо Турсунзода ҳамин шеърро гуфт, мурда хандид».

Бале, Кароматуллоҳ ҳам мисли ҳар як инсони заминӣ вақти аз модар зода шуданаш ҳатман гиристааст. Ва дар зиндагӣ, чӣ тавре ки медонем, амалҳоеро анҷом додааст, ки боиси хурсандии ҳазорон нафар инсонҳо гардидаанд ва ҳамин кораш боиси дар марги ӯ ашки ҳасрат рехтани дӯстону алоқамандони маҳсули қаламаш шудаанд. Биёед, дӯстони азиз, ба хотири шод шудани руҳи покаш пеши Худованди бузург даст ба дуъои хайр бардошта барояш аз Парвардигори муттаъол мағфирати гуноҳон ва ҷаннатулфирдавсро таманно мекунем. Омин!

Султони Ҳамад

"Султони Ҳамад: Сулҳ аз Хустдеҳ маҷро гирифт»

Султон Ҳамадро ҳамчун рӯзноманигор шояд аксари он касоне, ки матбуоти тоҷикро дар ин панҷ- шаш соли охир муттасил пайгирӣ мекунанд, мешиносанд. Зеро сари ҳар чанд вақт мақолаву мусоҳибаҳои ин журналисти соҳибқалам дар саҳифаҳои серхонандатарин нашрияҳои кишвар, хоҳ онҳо давлатӣ бошанд, хоҳ хусусӣ ба нашр мерасанд ва аз сӯи хонандагон хеле хуб истиқбол мешаванд. Китобҳои аз чоп баровардаи ӯ «Аз Ардашер то шери Панҷшер» (2002) ва «Аҳмад Зоҳир Султони қалбҳо» -ро (2005) дар рафҳои мағозаҳои китобфурӯшӣ пайдо карда наметавонед. Вале шояд кам касон донанд, ки Султони Ҳамад то шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Ватани азизамон яке аз кормандони масъули хадамоти амниятии кишвар ба шумор мерафт ва охирҳои соли 1992 ҳамроҳи як иддаъ аз ҳамватанонамон иҷборан хоки Тоҷикистонро тарк карда ба Афғонистон ҳиҷрат намудааст. Тибқи баъзе маълумотҳо дар Афғонистон бо раҳбарияти мухолифин шинос шуда чанд муддате ҳам мушовири раҳбари Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ будааст. Дар арафаи рӯзи Ваҳдат хабарнигори «Тоҷикистон» сари як пиёла чой бо Султони Ҳамад сӯҳбате орост, ки инак мӯҳтавои онро ба таваҷҷӯҳи шумо, хонандагони азиз, пешкаш менамоем.

-Чаро шумо, собиқ корманди амниятӣ ба Афғонистон паноҳанда шудед? Оё мумкин набуд дар Тоҷикистон бимонед?

-Ҳукумати Муросои Миллӣ баъди ба сари қудрат омадан дар моҳи майи соли 1992 на аз сӯи аксарияти аҳолии кишвар ва на аз сӯи мамолики ҳамсоя дастгирӣ пайдо накард. Баръакс дар дохили кишвар Фронти халқӣ таъсис ёфт ва он бар зидди ин ҳукумат муборизаи мусаллаҳонаро оғоз кард. Моҳҳои октябр –ноябри ҳамон сол ин ҳукумат дигар қодир ба назорати авзо дар навоҳии ҷанубии кишвар набуд. Дар он давра дар ин қисмати Ватанамон асосан силоҳбадастоне ба ғорату азияти мардуми бечора машғул буданд, ки мансубияташон ошкоро ба касе маълум набуд. Ин гурӯҳи силоҳбадастон алайҳи мардуми бегуноҳ даст ба ҷиноятҳои мудҳиш мезаданд ва ба хотири пинҳон нигоҳ доштани ин ҷиноятҳо шоҳидонро бераҳмона қатл мекарданд. Дар чунин вазъият мардуми бесаробон ягона илоҷи халосии хешро дар паноҳанда шудан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон диданд. Аз он ҷумла ман ҳам, ки дар он вақт сардори шӯъбаи бехатарии ноҳияи Қабодиён будам, маҷбур шудам, ки ба хотири ҳифзи ҷони худ ва аҳли хонаводаам ба Давлати Исломии Афғонистон паноҳ бубарам. Вагарна чун даҳҳо ҳампешагони худ аз дасти ин силоҳбадастони хориҷ аз контрол ба ҳалокат мерасидам. Ман номи даҳҳо ҳамкасбонамро гуфта метавонам, ки дар он рӯзҳои мудҳиш қурбонии ин силоҳбадастон шудаанд.

- Оё дар Афғонистон силоҳбадастон набуданд? Онҳо ба ҷони шумо таҳдид намекарданд?

Воқеъан, дар Афғонистон низ буданд силоҳбадастон ва онҳо низ ба ҷони мо борҳо таҳдид кардаанд. Ҳам силоҳбадастони афғонӣ ва ҳам силоҳбадастони худӣ, яъне онҳое, ки аз Тоҷикистон паноҳанда шуда буданд. Ҳафтаҳои аввал, то омадани устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Кундуз баъзеҳо аз ҷумлаи ҳамон силоҳбадастон дар симои ман ҷосуси давлатиро медиданд, чандин бор ҳам зери истинтоқи онҳо қарор гирифтам. Аввал ин, ки Худованди бузург маро нигаҳбон шуд, яъне он чизеро, ки Парвардигор намехост, нашуд. Дуввум хешу ақрабоям, ки низ паноҳанда буданд, аз ман пуштибонӣ мекарданд ва саввум бархе аз шахсиятҳои хирадманду дурандеши оппозисиюн низ мухолифи амалҳои нораво бо ман буданд. Шукри Худованд, ки ин ҳама омилҳо дар якҷоягӣ боиси дар қайди ҳаёт мондани ман ва аҳли хонаводаам шуданд.

- Бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ шумо бори аввал кай вохӯрдед?

-Устод Нурӣ ба Майдони ҳавоии Кундуз, ки ҷои зисти муҳоҷирини тоҷик ба шумор мерафт, аввалин бор аввалҳои моҳи феврали соли 1993 омад. Дар он ҷо он вақт моро бо ҳам шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ, ки устод Нуриро ҳамроҳӣ мекард, шиносонд. Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз нақшаҳои ман пурсон шуд. Гуфтам, ки баробари барқарории сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ дар кишварамон ба Ватан баргаштанӣ ҳастам. Гуфт, ки «мо низ ҳамин мақсадро дорем. Вале барои ин кор ҳар чи тезтар амалӣ шавад, сайъу кӯшиш кардан зарур аст. Мо низ мехоҳем, ки ба Ватан баргардем. Вале ин бозгашти мо бояд мунсифона ва одилона сурат бигирад. Мо мехоҳем, ки баъди бозгашт соҳиби хонаву дари худ шавем, дар ҷойҳои кории пештараамон барқарор гардем ва ғайраву ҳоказо. Ҳоло, мутаассифона, чунин шароити мусоид нест. Мо низ хоҳони сулҳ ҳастем. Шумоён, ки аз қонуну аз сиёсат бохабар ҳастед, метавонед дар ҳалли мусолиматомези ин масъала саҳм бигиред». Чун ин суханони устод Нуриро мантиқӣ дарёфтем, мо низ аз ин ба баъд дар паҳлӯи он кас кӯшиш ба харҷ додем, ки ин мақсади наҷиб ҳарчи тезтар ҷомаи амал пӯшад.

-Шумо дар музокироти сулҳ ширкат кардед?

- Не, ман дар ягон даври музокирот иштирок надоштам. Танҳо дар мулоқоти нахустини Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи майи соли 1995 дар Кобул баргузор гардид, бо хоҳиши устод Нурӣ ширкат варзидам. Воқеан, ман дар ҳамин ҷо бори аввал баъди тақрибан се сол яке аз дӯстони хубам, собиқ ҳампешаам, вазири вақти амнияти ҷумҳурӣ Сайдамир Зуҳуровро дидам ва ҳамсӯҳбат шудам. Маълум шуд, ки мо як мақсад доштаем. Ҳарчи тезтар барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар. Тасмим гирифтем, ки ҳар кас дар ҷои худаш ба он мусоидат кунад, ки раванди музокирот ҳарчи тезтар суръат бигирад ва ҳарчи тезтар ба натиҷаи мусбат бирасад.

- Шумо бо кадом кор машғул будед дар муҳоҷират? Мегӯянд шумо раҳбари хадамоти амниятии Иттиҳоди мухолифинро ба ӯҳда доштед?

- На, ин асоси воқеӣ надорад. Албатта мисли дигар собиқ кормандони органҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки иҷборан паноҳанда шуда будем, корҳоеро ҷиҳати таъмини амнияти муҳоҷирин ё худ паноҳандаҳое, ки ба Афғонистон гузашта буданд, анҷом медодем. Зеро Афғонистон худ як кишвари ҷангзада буд ва сари ҳар қадам муҳоҷирини мо бо хавфу хатарҳои гуногун рӯ ба рӯ мешуданд. Дар чунин шароит мо наметавонистем, ки ин корро накунем. Баъдан ман бо хоҳиши устод Нурӣ сари ҳар чанд вақт барояшон матолиби расонаҳои хабариро, асосан барномаҳои радиоиро, дар бораи Тоҷикистон ва вазъи ҷаҳон баррасӣ ва ба риштаи таҳлил мекашидам.

- Шумо кадом вақт боварӣ ҳосил кардед, ки оқибат дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ барқарор мешавад.

Рости гап, ҳамеша дар дили ман ин шӯълаи умед буд. Вале вақте, ки дар як лаҳзаи ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои муҳоҷирини дар Афғонистон буда хеле душвор роҳбарияти ҳарду ҷониби музокиракунанда дар Хустдеҳи Афғонистон моҳи декабри соли 1996 тасмими хеле ҷиддӣ гирифтанд, ҳамон вақт боварӣ ҳосил кардам, ки дар кишвари мо ҳатман сулҳу оштӣ барқарор хоҳад шуд. Дар чунин як ваъияти хеле вазнин, ки ҳатто роҳбарони худи Афғонистон ба ҷонашон хатар эҳсос мекарданд, ба Афғонистон омадани роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин як фоли нек буд. Ин маънои онро дошт, ки раҳбари Тоҷикистон ба ҷуз сулҳ чизи дигареро намехоҳад. Ва вақте, ки Созишномаи Хустдеҳ ба имзо расид, ин хабар дар як лаҳза миёни мардуми муҳоҷир паҳн шуд. Кам инсонеро медидӣ, ки бе ашки чашм ин хабарро мешунид. Шодиву хурсандии мардуми ғарибафтодаро интиҳо набуд… Дар ҳамин Хустдеҳ бо хоҳиши раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шодравон Саид Абдуллоҳи Нурӣ тасмим гирифта шуд, ки як гурӯҳе аз ҳисоби шахсиятҳои бонуфузи мухолифин ба Тоҷикистон рафта шахсан дар татбиқи Созишномаи Хустдеҳ саҳм бигзоранд. Ҳамагӣ чор рӯз баъди имзои Созишномаи Хустдеҳ (16 декабри 1996) Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як чархболеро барои овардани ин гурӯҳ бо ҳамроҳии мушовири давлатиаш мӯҳтарам Зафар Икромов ба Афғонистон фиристоданд. Бо қарори устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ин ҳайатро, ки ба он ин бандаи камтарин, Мирзо Муҳаммадии Навид, Неъматуллоҳи Билол, Муҳаммадалии Ҳаит шомил будем, Давлати Усмон роҳбарӣ мекард. Ҷолиб аст қайд бикунам, ки пеш аз сафар ман девони ҳазрати Ҳофизро гирифтаму фол кушодам ва ин ғазал баромад, ки матлаъаш чунин аст:

Гар аз ин манзили вайрон ба сӯи хона равам,

Дигар онҷо, ки равам оқилу фарзона равам.

Дар Тоҷикистон моро хеле гарм пешвоз гирифтанд. Бо мо ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Амирқул Азимов, котиби Шӯрои Амниятии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекард. Рӯзи дигараш ба минтақаи даргириҳо рафтем, яъне ба Ғарму Тавилдараву Тоҷикободу Ҷиргатолу ғайра ва дар байни муҷоҳиддин ба таблиғи моҳияти Созишномаи Хустдеҳ пардохтем. Бо ифтихор гуфта метавонам, ки ин ҳайатҳо тарзе кор карданд, ки то ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар, аниқтараш то ба фаъолият пардохтани Комиссияи Оштии миллӣ дар ягон ҷои Тоҷикистон овози ягон тир, ки аз сӯи ҳукуматиҳо ва ё мухолифин зидди якдигар парронда шуда бошад, баланд нагардид. Баръакс, дар ин давра садҳо тан асирони ҷанг ва маҳбусон озод шуданд ва ба оғӯши гарми оилаҳои худ баргаштанд.

-Шумо баъди барқарории сулҳу субот боз ба кори пештараи худ, яъне вазорати амният баргаштед?

- Тибқи асноде, ки дар ҷараёни музокироти сулҳ қабул шуда буд, ман чун дигарон ҳақи дар ҷои пештараи кориам барқарор шуданро доштам ва аз ин ҳаққи худам истифода бурдам. Чанд муддат сардори шӯъбаи бехатарии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуда кор кардам ва баъдан ба нафақаи меҳнатӣ баромадам. Бояд бигӯям, ки маро собиқ ҳамкасбонам гарм пазируфтанд. Махсусан ман аз собиқ вазири амният мӯҳтарам Сайидамир Зуҳуров ва раиси феълии Кумитаи Давлатии Амният Хайриддин Абдураҳимов барои муносибати неки инсониашон сипосгузорам.

-Чаро шумо баъди бозгашт ба амният дар он ҷо хеле кам кор кардед?

- Ҳамкасбони собиқам дар амният низ мехостанд, ки ман корамро дар он идора идома диҳам. Вале бояд бигӯям, ки маро аз ҳамин касби рӯзноманигорӣ барои кор ба амният даъват карда буданд. Ман он вақт хабарнигори радиои вилояти собиқ Қӯрғонтеппа будам. Бисёр мехостам, ки дар ҷодаи рӯзноманигорӣ фаъолият кунам. Вале тақдир маро ба дигар самт бурд. Акнун баъди ба нафақа баромадан то андозае метавонам худамро ба касби дӯстдоштаам бубахшам. То чи андоза муваффақ хоҳам буд, агар умр боқӣ бошад, ҳаёт нишон хоҳад дод. Ба ҳар ҳол кӯшиш мекунам, ки дар ин ҷода низ барои халқу Ватанам хизмат кунам.

- Ташаккур барои сӯҳбати ошкоро.

Мусоҳиб Кароматуллоҳи Аҳмад

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» , 26-уми июни соли 2007.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi