01:08:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чаро ду шумораи ахири "Нигоҳ" аз чоп набаромад?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чопи ҳафтаномаи "Нигоҳ"-ро мутаваққиф кард. Ду шумораи ахири ҳафтанома ба хонандагонаш нарасид. Зимни мактубе, ки ба чопхонаи “Оила Print” расидааст, вазорати фарҳанг гуфтааст, дар ҳоли нашр кардани ҳафтанома ҷарима хоҳад шуд.

nigoh-5454542221Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чопи ҳафтаномаи "Нигоҳ"-ро мутаваққиф кард. Ду шумораи ахири ҳафтанома ба хонандагонаш нарасид. Зимни мактубе, ки ба чопхонаи “Оила Print” расидааст, вазорати фарҳанг гуфтааст, дар ҳоли нашр кардани ҳафтанома ҷарима хоҳад шуд.

Сиёвуш Ҳамдамов, директори “Оила Print” ба мо гуфт, мактуби вазорати фарҳанг охири моҳи ноябр ба чопхона расида, дар он гуфта мешавад, ки нашрияҳо набояд бидуни шаҳодатномаи сабти ном нашр шаванд: “Ба мо гуфтанд, ки агар бидуни шаҳодатнома нашр кунед, 15 ҳазор сомонӣ муҷозот хоҳед шуд. Ин дастур, ба шуниди ман, ба чопхонаи “Мушфиқӣ” ҳам расидааст. Ба ҳамин далел чанд нашрияи дигарро чоп накардем ва вақте бо шаҳодатнома омаданд, чопашонро дигарбора ба роҳ мондем. Ба ҷуз “Нигоҳ” чанд нашрияи дигар ҳаст, ки давлатиянд ва шаҳодатнома надоранд, онҳоро ҳам нашр накардаем. Аммо онҳо гоҳнома ҳастанд, бархе дар як сол як бор нашр мешаванд.”

Дар ҳамин ҳол, кормандони “Нигоҳ” мегӯянд, ин дастури вазорати фарҳанг танҳо “Нигоҳ” – ро ҳадаф қарор додааст, зеро ҳанӯз 25 сентябри соли равон барои тамдид кардани шаҳодатномаи сабти номи ҳафтанома ба вазорат муроҷиат карда буданд. Ба қавли онҳо, пас аз дастури вазорат ба чопхонаҳо дигарбора ба вазорати фарҳанг муроҷиат карданд, аммо посух нагирифтанд.

Фаридуни Раҳнавард, муҳаррири “Нигоҳ” ба мо гуфт, посухи вазорат ин буд, ки аз номи вазир Шамсиддин Орумбекзода мактуб гирифтанд ва дар он ҳафтанома барои истифодаи калимаҳои “ноҷоиз” ҳушдор додааст. Вай афзуд, матолибе, ки вазорати фарҳанг зикр мекунад, ба солҳои 2009 то 2014 тааллуқ дорад: “Дар мактуби худ вазир Орумбекзода навиштааст, ки тайи ин муддат ба ҳафтанома 6 огоҳӣ фиристодаанд. Аммо дар асл мо ҳамагӣ як огоҳӣ дар соли 2011 гирифта будем ва бақия ҳама мактубҳои корӣ буданд. Шӯрои муҳаррирони “Нигоҳ” пас аз баррасии мактуби вазир ба чунин хулоса омад, ки ин ба интихобот рабт дорад. Вагарна чунин эродҳо барои кадом як калимаҳои “ноҷоиз” – ро дар дигар ҳафтаномаҳо низ метавон пайдо кард.”

“Нигоҳ” нашрияи мустақили ҷамъиятӣ – сиёсӣ буда, соли 2006 таъсис ёфтааст. Дар масоили сиёсати дохиливу хориҷӣ мавқеъгирии шадид дошта, борҳо мавриди таваҷҷӯҳи, ба истилоҳ, “фабрикаи ҷавоб” низ будааст.

Дар ҳамин ҳол, Давлат Сафар, сарвари Раёсати табъу нашри вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” қатъи нашри “Нигоҳ” - ро рад карда, гуфт: “Мо ҳафтаномаро набастаем ва сабаберо ҳам барои бастани он намебинем. Танҳо бархе камбудиҳое дар фаъолияти он вуҷуд дорад, ки бояд ислоҳ шаванд”

Мавсуф ба ин суол, ки “Нигоҳ” то кай бояд ислоҳ шавад?” посух нагуфт. Аммо коршиносони соҳаи матбуот мегӯянд, ба истилоҳ, тамдид кардани шаҳодатномаи сабти ном сабаби қатъи фаъолияти ягон ҳафтанома шуда наметавонад, зеро он хусусияти баҳисобгирӣ дорад.

Мухтор Боқизода, коршинос дар умури матбуот, мегӯяд, ҳафтаномаҳо дар Вазорати адлияву Кумитаи андоз сабти ном мешаванд ва Вазорати фарҳанг ҳар се сол ба хотири ҳисобот онҳоро мешуморад: “Баҳисобгирӣ аз сабти ном кардан тафовут аз замин то осмон аст. Вақте ҳафтанома дар вазорати адлия ва равзанаи ягона сабти ном мешавад, баъдан ном, маҳалли чопу кораш такрор нашуда бошад, вазорати фарҳанг хулоса медиҳад, ки чунин нашрия дар вазорат сабти ном шуда ё нашудааст.”

Коршиносон мегӯянд, вақте вазорати фарҳанг матолиби “Нигоҳ” – ро ба баррасӣ кашида, мегӯяд, ки кори хато мекунад, ба сензура роҳ медиҳад, зеро дар ҳоли вуҷуд доштани таҳқиру тавҳин алайҳи як нафар фақат худи ӯ ҳуқуқи муроҷиат ба додгоҳ ё Шӯрои ВАО-ро дорад.

“Озодӣ”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi