20:22:47 22-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мушкилоти бонувон чаро таваҷҷуҳи ВАО-ро ҷалб наменамояд?

Аз “Мизи мудаввар-и Шӯрои ВАО

Шӯрои ВАО-и ҶТ дар доираи Лоиҳаи “Мониторинги инъикоси масъалаҳои гендерӣӣ дар ВАО”, ки бо ҳамдастии Созмони байналмилалии International Media Support (IMS) роҳандозӣ намудааст, “Мизи мудаввар” баргузор намуд.

9-shuroi-vao 1121212Раиси Шӯрои ВАО Қироншоҳи Шарифзода дар зимни ифтитоҳи “Мизи мудаввар” зикр намуд, ки тӯли ду моҳ ҳафтаномаҳои “Нигоҳ”, “Тоҷикистон”, “Фараж”, “Чархи гардун”, “Азия-плюс”, “Пайк”, “Минбари халқ”, “Наҷот”, сомонаҳои интернетии www.Ozodagon.com, www.Ruzgor.tjwww.Avesta.tj www.Khovar.tj www.Ozodi.org www.Pressa.tj мавриди пайгирӣ (мониторинг) қарор гирифтанд ва гузоришҳои он дар сомонаи Шӯрои ВАО www.Odob.tj интишор гардиданд.

Ҳадафи пайгирӣ аз муайян намудани вазъи умумӣ ва вижагиҳои инъикоси масъалаҳои гендерӣ дар ВАО-и муосири Тоҷикистон дар мисоли нашрия ва сомонаҳои мазкур иборат буд. Табиист, ки меъёри аслии пайгирӣ ҳамоно риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” ҳисобида мешуд.

4-shuroi-vao 1121212Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов баргузории “Мизи мудаввар”-ро дар ҷамъбасти мониторинги инъикоси масоили гендерӣ дар ВАО чорабинии муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки проблемаҳои баробарҳуқуқии занон имрӯз бо ибораи “масъалаҳои гендерӣ” маъруф аст, солҳои пеш ҳам дар маркази таваҷҷуҳи матбуот қарор дошт. Агар солҳои пеш дар ин масъала танҳо журналистон менавиштанд, ҳоло хуб аст, ки ба инъикоси масъалаи мазкур мутахассисони соҳа, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ машғуланд ва ин барои ҷиддитар баррасӣ шудани масъала имкони бештар медиҳад.

 Мушовири масоили ВАО-и созмони байналмилалии IMS Фирӯз Баротов мониторинги роҳандозинамудаи Шӯрои ВАО-ро иқдоми муҳим арзёбӣ намуда, афзуд, ки чигунагии инъикоси масъалаи мазкур дар расонаҳо як меъёри касбияти журналистӣ низ мебошад.

8-shuroi-vao 1121212Дар нишасти “Мизи мудаввар” коршиноси масоили гендерӣ Марям Давлатова дар мавзӯи “Мулоҳизаҳо пас аз анҷоми Лоиҳаи “Мониторинги инъикоси масъалаҳои гендерӣ дар ВАО” маърӯза намуд. Дар маърӯзаи коршинос қайд гардид, ки мақсади лоиҳаи мазкур аз гузаронидани мониторинги як қатор нашрияҳои чопӣ ва сомонаҳои интернетӣ, таҳлилу баррасии аз дидгоҳи дар матолиб инъикос ёфтани қолабҳои шахшудаи гендерӣ, ки барои рушди занон монеа эҷод менамоянд, иборат буд.

Марям Давлатова гуфт, ки дар давоми 10 ҳафта 8 нашрияи чопӣ ва 6 сомонаи интернетӣ мавриди омузиш қарор гирифт. Тайи ин муддат 2642 мавод аз нашрияҳои чопӣ ва 3106 маводи сомонаӣ аз назар гузаронида шуд.

6-shuroi-vao 1121212Ба гуфтаи коршинос, мониторинги ҳафтаномаҳо дар мавриди инъикоси мавзуъҳо аз дидгоҳи гендерӣ номувозинатии рушану бебаҳси гендериро намоиш дод. Дар баъзе аз шумораҳои бархе ҳафтаномаҳо, ба монанди “Нигоҳ”, “Наҷот”, “Фараж”, “Пайк”, қариб ягон мавод, ягон акс, ягон номи занона ба чашм намехурад. Агар ягон мавод ҳам нашр шавад, он метавонад аз рӯзгори ягон ситораи саҳна (бештар аз ҷавонон) бошад, вале он ҳам ягон ҳодисаи ангуштшумор аст. Дар нашрияҳо ҳангоми назарсанҷиҳо вобаста ба мавзӯъҳои доғи рӯз низ, мувозинати гендерӣ риоя намегардад, яъне чанд нафар мард ва танҳо як нафар зан пурсида мешавад.

- Аз мутолиаи ин ҳафтаномаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон гӯё занон аслан зиндагӣ надоранд ва агар бошанд ҳам, дар кадом як қишри ниҳоние ҳастанд, ки шунидани садояшон мамнуъ ё имконннопазир бошад, - гуфт ин коршинос.

Марям Давлатова инъикоси масоили гендерӣ дар сомонаҳои интернетиро мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки мутаассифона, дар сомонаҳои интернетӣ низ таносуби гендерӣ риоя намегардад.

Ба гуфтаи ин коршинос, дар матолиби сомонаҳо низ масъалаҳои марбут ба фаъолияти бонувон сатҳӣ, гоҳо яктарафа инъикос меёбанд, рӯзноманигрон ба проблемаҳои ҳаётан муҳими бонувон таваҷҷуҳи камтар доранд, ҳол он ки масъалаи баробарии иҷтимоии марду зан дар бештар аз 60 санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон зикр ёфтаанд.  

10-shuroi-vao 1121212- Тӯли давраи мониторингӣ дар ин сомонаҳо, ҳатто дар сомонаи ҳукуматии www.Khovar.tj ягон мавод аз раванди иҷрои сиёсати гендерии Ҳукумати ҶТ наомадааст, - таъкид намуд ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, таносуби миқдорӣ дар сомонаҳои хабарӣ аз дидгоҳи гендерӣ 100/8 ро ташкил менамояд. Ғайр аз сомонаи расмӣ, 80- 90 фоизи ин рақами ночизро ахбори ҷиноӣ ташкил медиҳанд.

Сомонаҳои дигар дар баробари ахбори кӯтоҳ мақолаҳои калонҳаҷм ҳам интишор менамоянд. Аз сомонаҳои таҳлилшуда www.Ozodagon.com ва www.Ozodi.org хеле пурмаҳсул фаъолият доранд ва тайи ҳар ҳафта то 100 мавод нашр менамоянд. Таносуби маводҳо аз нигоҳи гендерӣ дар шумора тақрибан чун сомонаҳои хабарнигорист.

- Ҳамаи ин андешаеро тавлид менамояд, ки барои мавриди таваҷҷуҳи ВАО-и Тоҷикистон қарор гирифтан, занон, ҳатто маъруфтаринашон, бояд ҳатман ё бимиранд, ё ба фалокати чашмношуниде дучор бигарданд, ё ягон амали аз доираи қолабҳои маъмулӣ берунро ба сомон бидиҳанд. Ин тарзи муносибат зимнан хилофи банди 9-и “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” - “Роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)” мебошад: “Поймол намудани ҳуқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷинсӣ дар ВАО раво нест. ВАО ва журналист аз айбҷӯии ҷисмонии шахс худдорӣ мекунанд”, -гуфт ӯ.

7-shuroi-vao 1121212Марям Давлатова бо таассуф афзуд, ки нтизорӣ мерафт, раванди пайгирӣ ва ҳар ҳафта дар сомонаи Шӯрои ВАО - www.Odob.tj ва дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҷо шудани он, то андозае таваҷҷуҳи масъулон ва кормандони ВАО-ро ҷалб намуда, ба бедор шудани ҳассосии гендериашон мусоидат хоҳад кард. Вале чунин натиҷа ба назар нарасид. Аз чанд шарҳе, ки дар Фейсбук омадааст, танҳо яке ба сармуҳаррири яке аз нашрияҳо тааллуқ дорад (“Ухумммм. Ухуммм. Боз феминизм...”).

- Ҳамзамон ягона расонае, ки дар давоми мониторинг барои беҳтар инъикос кардани ин масоил дар он пешравӣ ба назар расид, сомонаи www.Ozodi.org мебошад. Дар муқоиса бо ҳафтаи аввал, дар матолибе, ки занону мардонро баробар мавриди тадқиқу таваҷҷуҳ қарор доданд, масоили гендериро ба назар мегирифтанд, бештар шуд. Ғайр аз ин, ин сомона бахши алоҳидае барои ҷавонон дорад. Ҳарчанд аз нигоҳи шумора он ҷо низ вазъ аз баробарӣ дур аст, - таъкид намуд коршинос.

5-shuroi-vao 1121212Ширкатдорони “Мизи мудаввар” дар такя ба муаррифии ошношуда, оид ба вазъи воқеии инъикоси қолабҳои гендерӣ дар ВАО-и муосир мубодилаи афкор намуданд.

Узви шӯрои ВАО Саидмухтор Боқизода яке аз сабабҳои мавҷудияти номувозинатиро дар инъикоси нақши занону мардон дар ВАО-и имрӯза заифии фаъолияти худи занон ва назари бонувони рӯзноманигор ба ин масъала донист.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нигоҳ” Саймиддин Дӯстов дар суханронии худ набудани таъминоти маблағ аз ҷониби давлатро ҳангоми татбиқи санадҳои сиёсати гендерӣ аз сабабҳои ҷиддии мушкилот шуморид.

shuroi-vao 1121212Раиси Маркази татқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршели Атовулло фаъолияти сусти Кумитаи оид ба кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятии марбутаро дар мавриди ҷалб нашудани журналистони касбӣ ба иникоси масъалаи мазкур таъкид намуд. Ӯ инчунин сабаби кам будани чеҳраҳои бонувонро дар назарпурсиҳои ВАО бо мисолҳо аз раванди фаъолияти “Фараж” ва “Самак” шарҳ дода, онро аз камҷуръатии занон дар чунин мавридҳо донист.  

Корманди Кумитаи оид ба кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова, ба андешаҳои Хуршеди Атовулло эътироз намуда, мисоли кам истифода бурдани рӯзноманиронро аз маводу имкониятҳои нишастҳои матбуотии Кумитаи кор бо занон хотиррасон намуд.

Сармуҳаррири сомонаи www.Ruzgor.tj Султони Ҳамад танқиду эродҳои дар маърӯзаи муаррифӣ садододаро дуруст ҳисобида, гуфт, ки бозори имрӯзаи матбуоти кишвар мутаассифона, харидори иттилооти ҳангомадору қиссаҳои хонаводагӣ гардидааст. Аз ин ҷо, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири тарғибу инъикоси мунтазами сиёсати гендерии худ, бояд нашрияҳои мустақилро дастгирӣ намояд.

3-shuroi-vao 1121212Узви Шӯрои ВАО Раҷаби Мирзо дар қиболи гилаҳо аз мутбуоти даврӣ дар мавриди кам инъикос гардидани масоили гендерӣ гуфт, ки дарҳақиқат, имрӯз матбуот бештар хусусияти иттилоотӣ пайдо кардааст, вале хабаре, гузорише ва ё очерке дар бораи занону духтарони фаъоли ҷомеа ба идораи нашрияе расад ва он хонданӣ бошаду иқдоми ҷиддиеро ва ё масъалаи доғеро пеш гузошта бошад, нашрия чаро онро ба табъ нарасонад?

Дигар иштирокчиёни “Мизи мудаввар низ андешаҳои худро ойид ба масъала баён намуда, ба хотири беҳтар гардидани инъикоси масоили гендерӣ пешниҳоду тавсияҳо ироа намуданд.

***

Тавсияҳои

иштирокчиёни “Мизи мудаввар”-и Шӯрои ВАО-и ҶТ

(16 октябри с.2014)

*  Оид ба мавзуи занон, масоили гендерӣ ва сиёсати Ҳукумати кишвар дар васоити ахбори оммаи мустақил матолиб бештар интишор гардад;

Барои дарёфти маводи мусбат оид ба фаъолияти занон, ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, созмонҳои ҷамъиятии бо масоили занон фаъолиятдошта барқарор намудан ба манфиати кор аст;

*  Аз ҷониби Шӯрои ВАО-и ҶТ ва дигар созмонҳои журналистӣ барои роҳбарон ва рӯзноманигорони ҷавони ҳамаи расонаҳо муттасил машғулиятҳо оид ба мавзуъҳои гуногуни гендер гузаронида шаванд;

*  Озмунҳои якҷояи Шӯрои ВАО-и ҶТ ва дигар ташкилотҳои журналистии ватанию созмонҳои байналмилалӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ВАО ба масоили гендерӣ роҳандозӣ шавад;

*  Дар ВАО ойид ба фаъолияти занону мардон ва оилаҳои муваффақ хабару мақола ва гузоришу очеркҳои ибратомӯз бештар чоп карда шаванд. Ин иқдом ба татбиқи сиёсати гендерӣ мусоидат карда, барои занони дар пайроҳаи зиндагӣ дармонда як навъ роҳнамо хоҳад шуд;

*  Дар назарпурсиҳои ВАО вобаста ба мавзӯъҳои мухталиф, ба риояи ширкати баробари респондентҳо аз ҷумлаи мардону занон таваҷҷуҳ зоҳир гардад, зеро аз нуқтаи назари равоншиносии гендерӣ байни андешаронии мард ва зан тафовут вуҷуд дорад. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гардад. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд;

*  Маводи интишоршавандаи ВАО ойид ба масоили гендерӣ, ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи занону мардон ва оқибатҳои нохуш ё ҷазо гирифтани гунаҳгорон бояд хусусияти таҳлилӣ дошта бошанд;

*  Дар ВАО ойид ба фаъолияти занони ҳунарманд, боистеъдод, навовар ва эҷодкор дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, матолиби бештар ба табъ расад;

*  Мактубҳои хонандагон оид ба масоили гендерӣ дар ВАО бояд аз ҷониби идора ва ё коршиносони соҳавӣ хулоса карда шаванд, то нигоштаи муаллиф (он) чун ҳукм боқӣ намонад;

*  Дар нашрияҳои чопӣ ва электронӣ таъсис додани рубрикаҳои хоссаи доимӣ ойид ба мавзуъҳои гендерӣ мувофиқи мақсад дониста шавад;

*  Шӯрои ВАО-и ҶТ силсилаи мониторинги нашрияҳои оммавӣ (хонаводагӣ)-ро дар мавзӯъҳои инъикоси масоили баробарҳуқуқии марду зан; ҳуқуқи кудакону ноболиғон роҳандозӣ намояд;

*  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои возеҳтар инъикос намудани масолили гендерӣ бояд ВАО-и мустақилро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд ва ё барои татбиқи сиёсати гендериаш дастгирии молии лоиҳаҳои иҷтимоиро роҳандозӣ намояд.

* Ба хотири мусоидат ба ташаккули журналистикаи касбӣ, гузаронидани мониторингҳои ВАО-и чопӣ ва электронӣ дар масъалаи риояи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аз ҷониби Шӯрои ВАО-и ҶТ шакли муттасилро бигирад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi