22:53:54 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Рӯзноманигорони тоҷик меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистикаро меомӯзанд

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), 8 -9 августи соли 2014, дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 14 нафар журналисти шаҳри Душанбе ва ВМКБ, меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро таълим дод.

pressa-5689454IWPR дар татбиқи меъёрҳои байналмилалии журналистика, бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ инчунин дар расонаҳои маҳаллӣ кам кардани мақолаҳое, ки муаллифони он ба баҳсҳои додгоҳӣ кашида мешаванд, роҳнамоӣ мекунад.

Фирӯз Баротов, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ташкилоти байналхалқии InternationalMediaSupport (IMS), ҳамчун тренер аз таҷрибаи баҳсҳои додгоҳии ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ба журналистони ҷавон мисолҳои воқеӣ овард.

Дар раванди тренинг, иштирокчиён мустақиман аз усулҳое кор гирифтанд, ки дар таҷрибаи аксари онҳо бори аввал будааст ва бо ҳамдигар сари пешниҳод намудани мавзӯъ, омода кардани гузориш дар шакли меъёрҳои байналмилалӣ баҳс намуданд. Барои иштирокчиёни тренинг бештар аз ҳама тарзу усули пешниҳоди мавзӯъ ба расонаҳои байналхалқӣҷолиби диққат буд.

«Дар давоми ду рӯзи тренинг нозукиҳои зиёди меъёрҳои байнамилалии журналистикаро аз худ кардам, аз ҷумла тарзи омода кардани гузориш, навиштани «лид» ва истифода аз сарчашмаҳои мӯътамад, ки барои мо дар оянда хеле муфид хоҳад буд. Забон ва усули пешниҳоди мавод хеле олӣ буд: тренер ҳар як нуктаро бо мисолҳои воқеӣ шарҳ медод, ки хеле муҳим аст»,- қайд кард Файзалӣ Ниёзов, хабарнигори радиои “Имрӯз”.

IWPR  нақша дорад, ки чунин тренингҳоро дар дигар минтақаҳои кишвар низ доир намояд.

Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi