16:10:54 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Нозимҷон Охиров: Орзу дорам чемпиони ҷаҳон шавам

Убайдуллоҳи Зоҳир, махсус барои "Рӯзгор"

Варзишгарони тоҷик аз 31-уми май то 3-юми июни соли равон дар Чемпионати Осиё, дар шаҳри Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ ширкат карданд ва аз ин мусобиқа бо 31 медал ба ватан баргуштанд.

1.nozimjon okhirov 14062013Дар ин мусобиқа, ки миёни бонувону писарон табақаи наврасу ҷавон ва калонсолон аз рӯи ду навъи гӯштин, самбои варзишӣ ва самбои рамзӣ сурат гирифт, 31 медал, 9 медали тилло, 6 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ насиби варзишгарони тоҷик гардидааст. Хабарнигори ҳафтаномаи тозатаъсиси "Рӯзгор" пас аз бозгашти варзишгарони тоҷик бо паҳлавони шинохтаи тоҷик Нозимҷон Охиров, яке аз ин паҳлавононе, ки аз Чемпионати Осиё медали тило ба даст овардааст, суҳбате анҷом дод:

- Шуморо барои ғалабаатон дар Чемпионати Осиё табрик мекунем.

- Ташаккур.

- Қаблан каме дар бори худатон маълумот диҳед.

- Ман, Нозимҷон Охиров, 15-уми августи соли 1992 дар ноҳияи Ванҷ дар оилаи корманди умури дохила ба дунё омадаам. Ҳоло донишҷӯи соли севуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов ҳастам ва айни замон дар мусобиқаҳо дар вазни 62 кило қувваозмоӣ мекунам.

- Акнун бигӯед, ки ба даст овардани медали тило аз Чемпионати Осиё бароятон душвор набуд?

-Мо пеш аз оне, ки ба ин мусобиқа сафарбар шавем, таҳти роҳбарии устодамон-Маҳмадшариф Сулаймонов, ки Мураббии шоистаи Тоҷикистон аст, шабу рӯз тамрин кардем. Натиҷаи ҳамин машқҳои пешакӣ буд, ки дар Чемпионати Осиё бар се ҳарифи худ дастболо шуда, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштам.

- Рақибонатон аз кадом кишварҳо буданд?

- Ман дар ин мусобиқа як давр озод будам ва бо се варзишгар қувваозмоӣ кардам, ки дар маҷмуъ чаҳор давр ҳисоб мешавад. Ҳарифи аввали ман варзишгари пурқуввати муғулистонӣ буд, ки бо ҳисоби 4 бар 0 ман дастболо шудам. Ҳарифи дуюмам паҳлавони кореягӣ буд, ки ӯро бо усули лат додани пой шикаст додам ва ба вохӯрии финалӣ роҳ ёфтам.

Дар вохӯрии финалӣ бо варзишгари Қирғизистон, ки бисёр паҳлавони пуртаҷриба буд ва дар Чемпионати Ҷаҳон, ки дар шаҳри Булғористон баргузор гардида буд қаҳрамони ҷаҳон шуда буд, қувваозмоӣ кардем ва ман ӯро бо ҳисоби 7 бар 0 мағлуб карда, қаҳрамони Осиё шудам.

- Бо ҳамин ҳарифонатон дар ягон мусобиқаи дигар вохӯрда будед?

- Не, бо инҳо бори аввал қувваозмоӣ кардам.

- Кадом лаҳзаи ин Чемпионати Осиё бароятон аз ҳама беш хотирмон буд?

2.nozimjon okhirov 14062013- Ҳамон вақте, ки ба ифтихори ғалабаам парчами кишварам бар фарози сарам партавфишон мешуду суруди милли Ватанам садо медод, аз ҳаяҷон ва хурсандӣ ашки чашмонам равон мешуд. Ин лаҳзаҳо ҳеҷ гоҳ аз хотирам фаромӯш нахоҳанд шуд.

- Бисёриҳо аз набудани шароиту имконияти машқу тамрин шикоят мекунанд. Ба Шумо кӣ чунин шароитро муҳайё месозад?

- Аз Кумитаи Ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар мусоидат мекунанд, ки мо дар ҳамин мусобиқаҳо ширкат мекунем. Дар алоҳидагӣ барои тамринҳоям бисёртар падарам кӯмак мекунанд.

- То имрӯз соҳиби чанд медал шудаед?

- 25 медал. 5 биринҷӣ, 5 нуқра ва 15 медали тило ба даст овардаам.

- Вақтҳои холӣ ба чӣ кор машғул мешавед?

- Кам аст вақтҳое, ки бекор шавам, вале ҳамон лаҳзаҳо, ки пайдо шуд, китоб мехонам. Бештар вақти худро ба машқу тамрин сарф мекунам, зеро организмам ба ҳамин одат кардааст.

- Дар пеш чӣ нақшаҳо доред?

- Нақшаҳои дар пешистода ҳамин аст, ки бояд тамринҳоро зиёдтар кунам ва ба Универсиада (мусобиқаи байни донишҷӯён), ки 14-уми июл дар Қазон баргузор мегардад, хуб омадагӣ бигирам. Зеро мехоҳам дар ин мусобиқаҳам медали тилоро соҳиб шаваму парчами Тоҷикистонро боло бардорам. 

- Аз чандсолагӣ ба варзиш машғул шуда будед?

Ҳануз панҷсола будам, ки ба варзиш дил баста будам ва то имрӯз давом дода истодаам. Амакам, ки гуштингир буд ба ман ҳам усулҳои гуштингириро нишон медод ва аз ҳамон замон муҳаббати варзиш дар дилам ҷой шуд.

- Оё то имрӯз боре шудааст, ки аз пешаи интихоб намудаатон дилсард шуда ва аз варзиш дур шуда бошед?

- Не, то имрӯз чунин нашудааст.

- Дар бораи устодатон чӣ гуфта метавонед?

- Дар бораи устодам Маҳмадшариф Сулаймонов ҳар чизе, ки бигӯям кам аст. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки устоди мо инсони бузург ва бисёр меҳрубон аст, дар баробари ҳамаи меҳрубониҳояш дар вақти машқҳо ҷиддӣ ва сахтгир аст.

 - Дар дил ягон орзуе доред, ки то ҳол амалӣ нашуда бошад?

- Ягона орзуи ман ин аст, ки як маротиба қаҳрамони ҷаҳон шавам, ҳамин орзуям то ҳол амалӣ нашудааст.

- Ташаккур барои сӯҳбат, дуо мекунем, ки аз ҳамаи мусобиқаҳо бо сари баланд баргардед ва орзуҳоятон амалӣ шавад! 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi