21:59:18 15-уми Июни 2025 сол

ВАҚТЕ, КИ МАСЪУЛИН БА КАМБУДИҲОИ ХУД ИҚРОР МЕШАВАНД

Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯянд, дар баробари дастоварду пешравиҳо, ҳанӯз дар ин се соҳа, бахусус дар сатҳи маҳалҳо проблемаву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Ин нуктаро намояндагони ин кумита зимни як нишасте, ки имрӯз, 4-уми январ дар Душанбе баргузор гардид, иброз намуданд.

/images/stories/2013/01/04_javonon-040113.jpgАз кумитаи мазкур ба сомонаи Рӯзгор иттилоъ доданд, ки  новобаста аз мушкилоти мавҷудбуда, бо ҷалби мутахассисон ҷиҳати самаранокии кор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бояд талош варзанд, зеро масъулияти танзим ва дарёфти механизми коркарди рушди се самти хеле муҳим-ҷавонон, варзиш ва туризм аз вазоифаи асосии онҳост.

Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш фаъолияти кумита дар соли 2012, самтҳои асосии фаъолият, нақшаи кор барои нимсолаи аввали соли 2013 ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Кабир Ҷураев, муовини аввали раиси кумита иброз доштааст, ки ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдору сохторҳои масъул ва ба ин минвол дастгирии дуҷониба дар шароити имрўза аз манфиат холӣ набуда, метавонад ҷиҳати рафъи мушкилоти соҳа заминаи мусоидеро фароҳам оварад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854