20:22:08 26-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ФИНАЛИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХУҶАНД ВА ҶОМИ ОЛӢ ДАР КӮЛОБ

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар Хуҷанд ва бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон дар Кӯлоб баргузор мешаванд. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз, 10-уми июл, дар қароргоҳи ФФТ бо ширкати раҳбарони бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар барпо гардид, гирифта шуд.

/images/stories/2012/07/10_rustami-emomali-100712.jpgРустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, зимни суханрониаш дар ин ҷаласа гуфт, “мо тасмим гирифтем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ва бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии кишвар миёни қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими имсола баҳори соли 2013-ум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шаванд. Бояд гуфт, ки бозиҳо барои мухлисон барпо мегарданд ва мо бояд хоҳиши мухлисони ҳамаи манотиқи кишварро ба ҷо оварем. Ман бовар дорам, ки Хуҷанд ва Кӯлоб метавонанд ин бозиҳоро дар сатҳи баланд доир намоянд.»

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябри соли равон барпо мегардад. Бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон-2013 байни ғолиби мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2012 моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi