19:11:31 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

ТО ОҒОЗИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЛОНДОН КАМТАР АЗ САД РӮЗ МОНД

Сафорати Британияи Кабир дар ҳамкорӣ бо Донишкади тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон чорабинии варзиширо бахшида ба 100 рӯз то саршавии бозиҳои Олимпии соли 2012 дар шаҳри Лондон, дар майдони варзишии донишгоҳи номбурда доир намуд.

/images/stories/2012/04/20_usa-varzish_1-2012.jpgДар ташкили ин чорабинӣ инчунин Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, ва ҳамчунин Кумитаи миллии параолимпӣ низ ширкат варзиданд. Дар ҳузури зиёда аз 2000 тамошобинон 200 донишҷӯён дар дав ба масофаи 100 ва 1000 метр, ки дар майдони донишка баргузор гардиданд, ширкат намуданд.

Тӯҳфаҳои олимпӣ аз тарафи сафоратхонаи Британияи Кабир ва донишкадаи номбурда ба ғолибон тақдим гардид.

/images/stories/2012/04/20_usa-varzish_2-2012.jpgҶаноби Робин Орд-Смит, Сафири Британия Кабир гуфт: “Ман хурсандам, ки дар ҳамкорӣ бо Донишкаи тарбияи чисмонӣ ин мусобиқа, ки рӯҳи Олимпӣ дорад, доир мегардад. Лондон ва Британияи Кабир бесаброна интизори оғози ин тантанаи варзишӣ ҳастанд, ки аз ҷониби мардуми дунё тамошо карда мешавад.  Ва ман умедворам, ки  варзишгарони тоҷик муваффақ мегарданд, ва  аз он ҷумла, якумин медали тиллоии олимпиро барои Тоҷикистон ба даст меоранд.»

Аз ҷониби хеш, ҷаноби Шодӣ Сафаров, Ректори Донишкадаи тарбияи чисмонӣ гуфт: “Мо ташаббуси Сафорати Британияи Кабирро дар мавриди ташкили ин чорабинии муштарак бахшида ба 100 рӯз то саршавии  бозиҳои Олимпӣ-2012 дар шаҳри Лондон ба хушнудӣ пазируфтем. Мо умедворем, ки тими Тоҷикистон яке аз тимҳои беҳтарини Олимпиадаи дар пеш истода мегардад.”

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi