ВАЪДАИ ҶОИЗАИ ПУЛИИ ПРЕЗИДЕНТ БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДА
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи Лондонро аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ интизор аст. Бо амри раисиҷумҳур ғолибону ҷоизадорони бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон бо мукофоти пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Дар ин бора дар сайти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода шудааст. Тибқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои ҳар як барандаи медали тилло 300 ҳазор, медали нуқра 250 ҳазор ва биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
То кунун чаҳор варзишгари тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон роҳхат гирифтаанд. Нахуст гурзандоз Дилшод Назаров, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Кавасакии Ҷопон бо натиҷаи 76 метру 52 сантиметр мақоми сеюмро касб кард, соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Баъдан муштзан Анвар Юнусов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар вазни то 56 килограмм дар Озарбойҷон бо медали биринҷӣ сарфароз гашт ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид.
Ахиран варзишгарони тоҷик Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов дар мусобиқаи интихобии қораи Осиё дар риштаи таэквон-до WTF дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон шуданд.
Фарҳод дар рақобатҳо дар вазни то 80 килограмм мақоми сеюм ва Алишер дар вазни беш аз 80 килограмм мақоми дуюмро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд.
Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таеквон-до ширкат хоҳанд кард.
«Озодӣ»