10:23:20 01-уми Июли 2025 сол

АНВАР ЮНУСОВ: «НАМОЗХОН ҲАМА КОРАТ ХУБ МЕШАВАД»

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар соли ҷорӣ варзишгари беҳтарини соли Тоҷикистон шинохта шуд. Оқои Юнусов 24 сол дошта ва дар соли ҷорӣ дар вазни 56 килугромм унвони қаҳрамонии қораи Осиёро ба даст оварда, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба муштзанӣ соҳиби медоли биринҷӣ шуд ва ба Бозиҳои улампики тобистонаи соли 2012 дар шаҳри Лондон роҳхат гирифт.

/images/stories/2011/12/29_anvaryounusov_2011.jpgЗимни сӯҳбати ихтисосӣ бо Анвар Юнусов нахуст ӯро барои варзишгари соли Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик гуфта ва сипас, пурсидам, ки барои бори аввал варзишгари сол интихоб мешавад?

Анвар Юнусов: Бале. Қаблан муштзани беҳтарини сол дар Тоҷикистон эълом шуда будам. Ба ақидаи ман, сатҳи варзишгарони маъруфе чун Дилшод Назаров ва Расул Боқиев аз ман болотар аст. Вале аз миёни варзишгарони тоҷик маро варзишгари беҳтарини сол интихоб кардаанд.

-Соли ҷорӣ барои Шумо чи соле буд?

-Бароям соли бобароре буд. Муҳимтарин дастовард ин ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои улампик дар соли оянда аст. Аз сӯйи дигар, дар соли ҷорӣ корхонаи “Талко”-и Тоҷикистон барои машқу тамрин ва ширкат дар мусобиқот бароям сармоя тахсис дод.

-Ин корхона барои ҳамаи варзишгарон маблағ ҷудо мекунад?

-На. Танҳо барои 10 ё 11 нафар, ки дар бахшҳои худ дастовардҳои чашмгир доранд, маболиғи зарурӣ ҷудо мекунад.

-Чи қадар?

-Ин бастагӣ дорад ба навъи варзиш. Бархе аз намуди варзиш харҷи зиёд дорад.

-Агар махфӣ набуд, маблағи барои Шумо ҷудошуда чи миқдор аст?

-Даҳ ҳазор дулори омрикоӣ. Бо ман барои як сол қарордод имзо карданд. Ин маблағ барои тамрин ва ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ масраф гардид.

-Ин маблағ барои тамрину сафарҳои хориҷӣ кофӣ аст?

-Дар шароити кунунӣ ин маблағи хубест. Қаблан ҳеч гуна маблағе ҷудо намешуд. Аз корхонаи “Талко” сипосгузорам, ки тавассути ин пул бароям имкони ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ фароҳам шуд. Дар натиҷа дастовардҳои ман дар муқоиса ба соли 2010 бештар шуд. Ман тавонистам ба Бозиҳои улампики соли 2012 дар шаҳри Лондон роҳхат гирам.

-Агар ба варзиши кишвар ҳамчунин сармоягузорӣ шавад дастовардҳо низ бештар мешаванд?

-Дар канори сармоя бояд варзишгар дорои ҷаҳду талош бошад, то натиҷае ҳосил шавад. Намудҳои дигари варзишро намедонам, аммо дар бахши муштзанӣ корхонаи “Талко” фаъолияти варзишии банда, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориеваро сармоягузорӣ мекунад.

-Соли ҷорӣ Шумо қаҳрамони Осиё шудед ва медоли биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардед. Барои ин дастовардҳо маблағе пардохт мешавад?

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон ба варзишгар маблағе пардохт намешавад. Дар мусобиқоти тиҷоратӣ барои муштзанҳои ғайриҳирфаӣ то 3 ҳазор дулор ва дар мусобиқоти муштзанӣ барои варзишгарони ҳирфаӣ пули зиёде пардохт мешавад.

Аммо дар қарордод бо корхонаи “Талко” таъкид шудааст, ки дар сурати қаҳрамон шудан ё медоли мусобиқоти байналмилалиро ба даст овардан маболиғи муайяне пардохт хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар, вақте дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон медоли биринҷиро соҳиб шудам, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман мошин тӯҳфа кард.

-Ин ҳамон тӯҳфаест, ки гуфта мешавад ба ивази худрави гаронбаҳои “Camry” ба Шумо мошини сохти русии “Жигулӣ” додаанд?

-Сару садоҳо зиёд аст. Яке мегуфт, ки Президент ба Анвар Юнусов мошини “Мерседес” тӯҳфа кардааст, дигаре мегуфт, ки хона додааст. Ин овозаҳо поя надорад. Ман то ҳол хонаи алоҳида надорам ва бо падару модарам зиндагӣ мекунам.

-Чаро ҳоло пиёда мегардед ва аз мошини худ истифода намекунед?

-Мошинсавориро дӯст надорам. Ҳарчанд ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтаам.

-Издивоҷ кардаед?

-Ба ин суол посух намедиҳам. Дӯст намедорам вақте дар бораи ҷузъиёти хонаводагӣ пурсуҷӯ мекунанд.

-Чаро маҳз муштзаниро интихоб кардед?

-То 14 солагӣ дар намудҳои дигари варзиш тамрин мекардам. Боре ҳамроҳи дӯстам ба толори муштзанӣ омадам ва мураббӣ маро диду гуфт, ки дар оянда муштзани хубе хоҳӣ шуд. Ин мураббӣ Борис Ковтун ном дошт ва ӯ мураббии нахустини ман буд.

Дар кӯдакӣ ҷангара будам ва дар муштзаниҳо миёни мактаббачаҳо ширкат доштам. Зиёд лату кӯб шудаам. Аммо барои интиқомгирӣ муштзаниро интихоб накардаам. Танҳо аз ин намуди варзиш хушам омад.

Вокуниши падару модар ба интихоби Шумо чи гуна буд? Ба ҳар сурат муштзанӣ варзиши барои саломатӣ хатарноке аст. Дар ибтидо модарам мухолиф буд. Зеро ҳамеша дар сару рӯям нишонаҳои лату кӯб ба чашм мерасид. Аммо падарам ӯро мутақоъид кард, ки “аз кӯчагардӣ кардан ба варзиш машғул шавад хубтар аст.”

-Дар хонавода танҳо Шумо варзишгар ҳастед?

-Бале. Бародаронам низ варзиш мекунанд, аммо варзишгарони ҳирфаӣ нестанд.

-Худро машҳур медонед? Дар кӯча Шуморо мешиносанд?

-Ростӣ, дар ниҳоди худ тағйироте эҳсос намекунам. Ҳамон тавре ки будам, ҳастам. Касоне,ки бозии маро тамошо кардаанд, дар кӯча мешиносанд ва салом мекунанд.

-Ҳоло Шумо дар чаҳорчӯби муштзании ғайриҳирфаӣ ё дӯстдор дар мусобиқот ширкат мекунед?

-Бале. Аммо соли ҷорӣ дар ҳайъати бошгоҳи “Динамо”–и шаҳри Маскав дар ду мусобиқаи муштзаниии ҳирфаӣ ширкат кардам. Ҳоло бештари вақт дар ин шаҳр тамрин мекунам. Вале дар мусобиқоти байналмилалии муштзании ғайриҳирфаӣ, назири мусобиқоти қаҳрамонӣ ё Бозиҳои улампик дар суфуфи дастаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳам кард.

-Шароити тамрин дар бошгоҳи “Динамо” беҳтар аст?

-Агар бо шароити толорҳои варзишии Тоҷикистон муқоиса кунем, фарқ аз замин то осмон аст. Дар толори шаҳри Маскав ҳамаи шароит барои муштзан фароҳам аст. Пизишку маҳсгар хидмат мерасонанд. Дар Тоҷикистон чунин шароит вуҷуд надорад. Варзишгарон имкони пардохти ҳаққи хидмати пизишку маҳсгарро надоранд.

Аз ҷониби дигар, ҷираи (ратсион) ғизо барои варзишгарон дар Маскав ҷиддӣ назорат мешавад. Бояд варзишгар маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва ғизои сервитамин истеъмол кунад. Дар Тоҷикистон ҳар варзишгар аз пеши худ ғизо мехурад.

Дар Тоҷикистон барои варзишгари варзида давлат идрор ҷудо мекунад. Масалан, барои ғизои ман моҳона 500 дулор ҷудо мешавад. Бо ин пул маҳсулоти ғизоӣ харидорӣ карда ва ғизо омода мекунам. Барои варзишгар ғизои зиёд ва бақувват лозим аст.

-Чи гуна режими ғизоӣ риоят мешавад?

-Масалан, аз хӯрдани нӯшобаҳои маснӯъӣ ва гоздор, ғизоҳои саридастии “Макдоналдс” ё “Фаст Фуд” парҳез кардан лозим. Ман умдатан маҳсулоти ширӣ, ғизои обакӣ ва ғӯшти тавассути буғ пухташударо истеъмол мекунам.Аз хӯрдани гӯшти бирён худдорӣ мекунам. Бештар шӯрборо дӯст дорам.

-Аз вазъи молию шароити тамрини муштзанҳои кишварҳои ҳамсоя хабар доред? Масалан, муштзани ӯзбак чи қадар пул мегирад?

-Фикр намекунам, ки дар Ӯзбакистон ё кишварҳои дигари минтақа барои варзиш пули ҳангуфе ҷудо кунанд. Онҳо ҳамеша аз кам будани идрор ё мукофотпулӣ шикоят мекунанд. Ба андешаи ман, ба будааш шукр кардан лозим, агар розӣ нашудӣ аз ҳаминаш ҳам мемонӣ.

-Боре ҳам аз муштзаниро интихоб кардан пушаймон шудед?

-Дар ибтидо, ки барои тамрин толор набуд ё пуле надоштам то ҳаққи хидмати мураббиро пардозам, ғамгин мешудам. Охир, чаро дар кишварҳои дигар барои тамрини муштзанӣ шароит ҳасту дар мо нест! Баъди бузург шудан дарк кардам, барои расидан ба ҳадаф аз имконоти мавҷуда истифода кардан лозим. Бояд сабр кард. Баъдан дастоварду пул ҳам ба даст меояд.

Воқеъан, пас аз бохти шармандавор дар Бозиҳои 16-уми Осиё дар шаҳри Гуанжоуи Чин аз муштзанӣ комилан дилсард шуда ва гуфтам: “Дигар ба майдон намебароям." Аммо ҳодисае иттифоқ афтод, ки зиндагии маро комилан тағйир дод.

-Чи ҳодиса?

-Замоне, ки баъд аз мағлубият комилан дилшикаста шуда будам, дар хоб садоеро шунидам, ки мегуфт: “Рӯҳафтода нашав! Намоз хон, ҳама корат хуб мешавад!”

Рӯзи дигар бо Мирзо Шамсиев, мураббии худ ба масҷиди шаҳри Гуанжоу рафта ва бори аввал дар зиндагӣ намоз гузоштам. Аз ҳамон рӯз то ба ҳол намозро тарк накардаам.

-Омодагӣ ба Бозиҳои улампик чи гуна сурат мегирад?

-Ба Бозиҳои улампик омодагии ҷисмонию равонӣ бояд дид. Ҳамарӯза тамрин карда ва режими ғизоро риоят кардан лозим аст. Аз авоили моҳи оянда ба Маскав рафта ва то моҳи май он ҷо тамрин мекунам. Шароит барои тамрин дар Маскав беҳтар аст. Дар он ҷо муштзанҳои ботаҷруба ҳастанд, ки аз тариқи рақобат бо онҳо ба мусобиқот омодагӣ мегирам. Афзун бар ин, дар толори Маскав таҷҳизоти мудерни варзишӣ мавҷуд аст, ки дар толорҳои Тоҷикистон нест. Пизишк вазъи саломатии варзишгаронро ҳамеша назорат мекунад.

-Орзуи шумо дар соли оянда?

-Орзуи аслии ман пирӯзӣ дар Бозиҳои улампик дар шаҳри Лондон аст. Дар 21 солагӣ бори аввал дар Бозиҳои улампик дар шаҳри Пекин дар соли 2008 ширкат доштам.Он замон танҳо ширкат дар ин бозиҳо орзуи ман буд. Дар зӯрозмоӣ барои медоли биринҷӣ аз Ҷон Лаҳор, муштзани 34-солаи Тойланд ва қаҳрамони Бозиҳои улампик мағлуб шудам.

-Ба муштзании ҳирфаӣ майл доред?

-Агар дар соли оянда медоли Бозиҳои улампикро ба даст орам, муҳим нест кадом навъро, барои ҳунарнамоӣ дар муштзании ҳирфаӣ талош хоҳам кард. Мехоҳам дар муштзанӣ комёб шавам. Намуди вазнро низ дигар карда ва дар вазни 60 килугромм ба майдон мебароям.

-Барои сӯҳбат ташаккур!

Мардони Муҳаммад, Би-би-сӣ, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ