22:11:43 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАСУЛ БОҚИЕВ БО РУСИЯ

Пагоҳ, чоршанбеи 26-август дар Роттердами Ҳолландия мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо оғоз мегардад, ки он то 30 август идома хоҳад кард. Дар он тақрибан 660 дзюдочӣ аз 105 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ мекунанд. 

Дар миёни онҳо ҳафт нафар қаҳрамони олимпӣ ва нӯҳ нафар қаҳрамони ҷаҳон низ ҳастанд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро се нафар варзишгар, азҷумла Шералӣ Бозоров, Фарҳод Раҳимов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ хоҳанд кард. Аввалин маротиба дар чанд соли охир Расул Боқиев дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии дзюдо ширкат нахоҳад кард.

Сабаби ширкат накардани Расулро дар ин мусобиқа мураббии ӯ Тренери Шоистаи Федератсияи Русия Владимир Елчанинов ба хабарнигорон чунин изҳор доштааст: «Расул баъди ба даст овардани медали биринҷӣ дар Олимпиадаи Пекин аз сӯйи мақомоти марбутаи кишвараш ба таври бояду шояд қадрдонӣ нашуд.  Ба замми ин ӯ ҳатто маош низ намегирифт. Аз ин рӯ намояндагони бархе аз кишварҳо пешниҳод карданд, ки шогирди ман Расул Боқиев дар Олимпиадаи Лондон, ки соли 2012 барпо хоҳад гашт, аз номи кишвари онҳо баромад кунем. Мо Русияро интихоб кардем. Насиб бошад ба наздикӣ Расул шаҳрвандӣ Русия хоҳад шуд. Ҳоло дар Русия дар вазни 72 килограмм дзюдочиеро дар зӯрӣ баробари Расул пайдо кардан мумкин нест. Ман боварӣ дорам, ки Расул дар мусобиқаҳои баъдинаи аҳамияти байналмиллалӣ дошта ба дастовардҳои чашмгире ноил хоҳад гашт».

Дар ин навори видеоӣ мураббии Расул Боқиев Владимир Елчанинов сабаби дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ширкат накардани варзишгари тоҷикро муфассал иброз намудааст.

Сомонаи «Рӯзгор» аз натоиҷи қувваозмоии варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон муштариёни хешро огоҳ хоҳад кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi