ПОЁНИ БОЗИИ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБАКИСТОН: 0-1
Максим Шатских, футболбози дастаи мунтахаби Ӯзбакистон, дар дақиқаи 71 бозӣ аввалин тӯбро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон зад. Қабл аз ин довар зарбае ёздаҳметра ба дарвозаи Тоҷикистон таъйин карда буд, вале дарвозабони тоҷик тавонист ин зарбаро гардонад.
Вале пас аз бозгашти тӯб ба майдон футболбози ӯзбак зарбае дигар зад ва тӯб ба дарвозаи дастаим унтахаби Тоҷикистон ворид шуд. Дақоқие баъд, Александр Гейнрих, бозигари дастаи Ӯзбакистон, корти зард гирифт. Қисмати аввали бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт.
Дар ин қисмати бозӣ футболбозони дастаи Ӯзбакистон беҳтар бозӣ карда ва чаҳор фурсати муносиб барои голзанӣ доштаанд. Як зарбаи футболбозони ӯзбак ба чӯби дарвозаи дастаи Тоҷикистон бархӯрд. Аммо ба гуфтаи хабарнигори мо, ки дар маҳалли бозӣ қарор дорад, футболбозони тоҷик то ин дам чандон хуб ҳунарнамоӣ накардаанд ва ҳеч гуна зарбаи хатарнок ба дарвозаи дастаи Ӯзбакистон назадаанд.
Бозиии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбакистон дар марҳилаи сеюми бозиҳои интихобӣ дар минтақаи Осиё барои дарёфти роҳхат ба мусобиқоти ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол-2014 дар Бразил дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон, баргузор мешавад.
Варзишгоҳи “Металлург”, ки гунҷоиши ҳудуди 15 ҳазор нафарро дорад, аз ҳаводорони футбол пур буда ва ҷойи нишасти холӣ ба чашм намехӯрад. Аммо дар ин ҷо парчами Ӯзбакистон ба чашм намехӯрад. Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни Футболи Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки барои тамошои бозӣ ба таври расмӣ аз Ӯзбакистон ҳаводорони футбол ба Тоҷикистон наомадаанд.
Ҳамчунин, рақобати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон в Ӯзбакистон ба таври мустақим аз тариқи телевизиюнҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон пахш намешавад. Масъулони Федеросиюни Футболи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин амр ба далели мушкилоти фаннӣ дар варзишгоҳи “Металлург” сурат гирифтааст. Доварони бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбакистон Хай Тан (сардовар), Юксин Му ва Жиге Су (ёварони сардовар) аз кишвари Чин буда ва Муҳаммадризо Касроӣ, кумисери бозӣ, аз Эрон аст.
Бахши аслии футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозикунони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ташкил дода ва аз футболбозони тоҷик, ки дар дастаҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, танҳо Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи “Шинник”-и Ярославли Русия, дар ин даста ҳунарнамоӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар дастаи мунтахаби Ӯзбакистон 12 футболбоз дар дастаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, Чин, Куреи Ҷанубӣ, Укройн, Озарбойҷон ва Қазоқистон бозӣ мекунанд.
Аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 то ба ҳол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбакистон 6 маротиба бо ҳам зӯрозмоӣ карда ва дар як рақобат дастаи Тоҷикистон ва дар ду бозӣ дастаи Ӯзбакистон пирӯз шудаанд. Се бозӣ мусовӣ анҷом шудааст. Тибқи феҳристи Федеросиюни Байналмилалии Футбол (ФИФА), ки дар авохири моҳи гузашта мунташир шуд, Тоҷикистон дар ин феҳрист дар зинаи 153-ум ва Ӯзбакистон дар зинаи 82-ум қарор доранд.
Бозии ояндаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 6 сентябр дар шаҳри Пхеняни Куреи Шимолӣ бо дастаи мунтахаби ин кишвар баргузор хоҳад шуд. Сипас, дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тукию бо дастаи мунтахаби Жопун ва пас аз як моҳ ин даста дар Тоҷикистон бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Зимнан, ширкат дар марҳилаи сеюми бозиҳои интихобӣ дар минтақаи Осиё барои дастаи Тоҷикистон ғайримунтазира буд. Федеросиюни Байналмилалии Футбол (ФИФА) рӯзи 17 августи соли ҷорӣ дастаи мунтахаби Сурияро аз идомаи мусобиқот маҳрум ва дастаи Тоҷикистонро ҷойгузини он сохт.
Тибқи иттилоъи сойти интернетии ФИФА, дар дастаи мунтахаби Сурия дар бозиҳо бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи гузашта Ҷорҷ Мурод, ки дар соли 2005 дар дастаи мунтахаби Суэд бозӣ карда буд, ҳунарнамоӣ кардааст. Мусобиқоти миёни дастаҳои Сурия ва Тоҷикистон бо ҳисобҳои 1 бар 2 ва сифр бар 4 ба фоидаи дастаи Сурия анҷом шуда ва дар ҳар ду бозӣ низ Ҷорҷ Мурод ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон тӯб зада буд.
Бар асоси муқаррароти ФИФА, як футболбоз наметавонад дар ду дастаи мунтахаб бозӣ кунад. Аз ин лиҳоз, ба дастаи Сурия дар ду бозӣ бо дастаи Тоҷикистон бо ҳисобҳои 3 бар сифр бохт эълом шуд. Федеросиюни Футболи Сурия ин тасмими ФИФА-ро “ғайримунсифона ва сиёсӣ “ арзёбӣ карда буд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С”, ки “гурӯҳи марг” номгузорӣ шудааст, бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбакистон, Жопун ва Куреи Шимолӣ рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар ин гурӯҳ 2 сентябри соли ҷорӣ шурӯъ шуда ва 29 феврали соли оянда ба поён мерасад. Дар марҳилаи сеюм 20 тими мунтахаби қораи Осиё дар 5 гурӯҳ барои ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2014 дар Бразил мубориза хоҳанд кард.
Би-Би-Си