10:27:39 19-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САМБОЧИЁНИ БАДАХШОН БАР ҲАРИФОНИ ХУД ҒОЛИБ ОМАДАНД

Бахшида ба 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ байни ҷавонони мамлакат мусобиқаҳои ҳама гуна намудҳои бозиҳои варзишӣ баргузор гашта истодаанд.

samboБо ёрии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ ва раёсати молияи вилоят дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии вилоят ин иқдом пеш рафта истодааст. Дар мусобиқаи мазкур ба ғайр аз гӯштини юнонӣ-румӣ ва варзиши сабук 10 намуди дигари бозиҳои варзишӣ ҷой дода шудаанд. Ҷавонони дар ҳудуди вилоят ғолиб омада дар мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода Чкалов ва ноҳияи Рашт баргузор мегарданд, ширкат менамоянд.

Ин бозиҳо, ки аллакай аз 26-уми марти соли равон оғоз ёфтаанд, то 15-уми май давом хоҳанд ёфт. Шумораи умумии варзишгарон аз Бадахшон 136 нафар буда, аз байни онҳо 29 нафар ҷавондухтарон низ баромад мекунанд. 25 нафари ин гурӯҳи варзишгаронро мураббиён ва доварон ташкил медиҳанд.

 Оғоназаров Фаррух-мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ иброз дошт, ки варзишгарони Бадахшон аз намуди самбо, ки дар шаҳри Чкалов бо дигар паҳлавонони ҷумҳурӣ қувваозмоӣ намуданд, 15 апрел ба шаҳри Хоруғ баргаштанд. Дар ин намуди варзиш 7 нафар дар вазни холис ғолиб баромаданд.

Ҷои аввалро варзишгарон Шанбиев Санавбар аз шаҳри Хоруғ, Муҳаббатов Мубориз, Хусравов Хушқадам аз ноҳияи Ванҷ, ҷои дуюмро Нуров Бахтовар-аз шаҳри Хоруғ, ва ҷои сеюмро Доробов Некрӯз, Заренов Шӯҳрат ва Чоршанбиев Наврӯз аз шаҳри Хоруғ ишғол намуданд. Вазишгарон аз дигар намуди бозиҳои варзишӣ ҳоло барои ғолибият талош намуда, омодагӣ дида истодаанд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор» Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi