08:06:44 02-уми Июли 2025 сол

14 ДОНИШҶӮИ ТОҶИК АЗ МИСР БЕРУН ШУДААНД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 14 донишҷӯи тоҷик довталабона аз Миср берун рафтаанд. Давлат Назрӣ, сухангӯи ин вазорат ба “Озодӣ” гуфт, чаҳор нафари онҳо ба Маскав, се нафар ба Истанбул, се нафар ба Алмаато, як нафар ба Дубай ва боқимонда ба Душанбе парвоз кардаанд.

 

saforatДар ҳоли ҳозир бештар аз 120 шаҳрванди Тоҷикистон худро дар сафорати Тоҷикистон дар Миср номнавис карда, мехоҳанд ба ватан бозпас оянд, ки дар миёни онҳо 30 нафар занон низ будаанд. Вале сафорати Тоҷикистон дар Миср гуфт, ин рақам метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад. Зеро гурӯҳе аз донишҷӯён ба далели ин ки то ҳанӯз ҳавопайимои Тоҷикистон нарасидааст, худро ба ҳар роҳе аз Миср берун мекунанд. То ҳанӯз давлати Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоиеро масъул накардааст, то доншҷӯёни тоҷикро ба ватан бозпас оранд.

 

Дар ҳоле ки мақомоти ин кишвар дар авохири моҳи сентябр ва октябри соли гузашта тавониста буданд, теъдоди бузурги донишомӯзонеро, ки ба гуфтаи онҳо дар мадориси Миср ғарйиқонунӣ таҳсил мекарданд, ба ватан оваранд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати ин кишвар масъалаи баровардани шаҳрвандонаш аз Мисрро дар ҳолати муташанниҷ шудани авзоъ баррасӣ кардааст.

 

Аммо ҳамон тавре ки Давлат Назрӣ гуфт, ҳоло вазъ дар Миср нисбатан ором аст ва агар чунин идома кунад, давлати Тоҷикистон заруратеро барои баровардани шаҳрвандонаш аз ин кишвар намебинад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср донишомӯзонад ва қарор аст, рӯзи 14-уми феврал дарси онҳо дар донишгоҳҳои Қоҳира низ аз сар гирифта шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4369-14-donishjui-tojik-az-misr.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ