Дар ҳайати дзюдочиёни Тоҷикистон Расул ҳаст, аммо на Боқиев
Рӯзи душанбеи 26-уми август дар пойтахти Бразилия шаҳри Рио де-Жанейро чемпионати ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо дар соли 2013 оғоз шуд.
Нурулло Лоиқов, раиси федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори «Рӯзгор» гуфт, ки кишвари моро дар ин сабқат ҳайате иборат аз шаш нафар: ду нафар масъулини федератсия ва чор нафар варзишгарон намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар форуми олии дзюдочиёни ҷаҳон варзишгарони маъруфи кишвар Расул Абдушарифов дар вазни 66 кило, Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило, Парвиз Собиров дар вазни 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни +100 кило ширкат хоҳанд кард.
Хабарнигори «Рӯзгор» аз Нурулло Лоиқов сабаби дар ин ҳайат шомил нашудани дорандаи медали биринҷии бозиҳои Олимпӣ, гуштигири маъруф Расул Боқиевро пурсон шуд. Ба иттилои раиси Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ Расул Боқиев реҷаи тамрини алоҳидаи худро дорад ва ба сабаби омода набудан ба ин мусобиқот ба ин ҳайат шомил нагардид.
Вале ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ки миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, ӯ даъват шудааст ва умед доранд, ки дар он ширкат хоҳад кард. Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо то якуми сентябри соли 2013 идома хоҳад кард.
«Рӯзгор»