ЛАҒВИ МАҲДУДИЯТҲО БАРОИ ҶАҲОНГАРДОНИ ХОРИҶӢ
11.04.2009 17:10
3515
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ба манзури ҷалби теъдоди бештаре аз ҷахонгардони хориҷӣ ба ин кишвар, бархе маҳдудиятҳое дар ин заминаро лағв кардаанд. Мақомоти ин кишвар дар сададанд ба ин васила теъдоди ҷаҳонгардони хориҷиро, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, дар солҳои наздик то ба як милюн нафар афзоиш бидиҳанд.
















