21:47:29 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АЗ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ КИҲО БАРҚ ХАРИДАНД?

Дар давоми соли ҷорӣ Тоҷикистон ба кишварҳои Ӯзбакистон ва Қазоқистон мутаносибан сесад ва чаҳорсад миллион кв.соат нерӯи барқро бо баҳои 1,5 сентӣ содир кардааст. 

Ин дар ҳолест, ки шароити қарордод миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар сари наҳваи хариду фурӯши нерӯи барқ тағйир хӯрда, ҳар ду кишвар минбаъд нерӯи барқро на табодул, балки бо пули нақд харидорӣ хоҳанд кард. Содироти нерӯи барқи тоҷик ба Қазоқистон нишонаи гармшавии бозори нерӯи барқи Тоҷикистон бошад, аммо арзонии қиммати фурӯши он ба хориҷа дар муқоиса бо бозори дохилӣ нигарониҳоеро ба бор овардааст. 

Баъд аз таваққуфи чандсола Тоҷикистон муваффақ шудааст, ки ба кишвари Қазоқистон нерӯи барқ содир кунад. То ин давраи соли ҷорӣ ба миқдори 400 миллион кв.соат нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар содир шудааст, вале, қарор аст, то анҷоми соли ҷорӣ ба ин кишвар боз сад миллион кв.соат нерӯи барқ аз Тоҷикистон содир карда шавад.

Сафаралӣ Саъдуллоев, муовини раиси ширкати « Барқи тоҷик» гуфт, интиқоли нерӯи барқ ба Қазоқистон тавассути як ширкати хусусии тоҷикӣ бо номи «Фирӯзаи Қаҳҳорзод» сурат гирифтааст. Ширкати мазкур бо ризоияти ҷониби Ӯзбакистон ҷиҳати интиқоли 500 миллион кв.соат нерӯи барқ тавонистааст дар бозори фурӯши нерӯи барқи тоҷик харидори тозаеро ҷалб кунад. Муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» ҳамчунин гуфт, дар ҳоли ҳозир, ҳамаи мушкилоти мавҷуда дар муомилоти нерӯи барқ бо Ӯзбакистон низ ҳал шуда, ва дар асоси қарордоди тозаи байни ҳар ду ҳукумат аз ин ба пас нерӯи барқ бо пули нақд харидуфурӯш хоҳад шуд. 

Сафаралӣ Саъдуллоев афзуд, ин тағйирот бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст, зеро дар шароити феълӣ харидуфурӯши нерӯи барқ дар қиёс бо табодули он ба иқтисоди кишвар муфидтар аст. Ҳамин манбаъ афзуд, Тоҷикистон баъди баҳрабардории комили нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то ҳадде шиддати мушкили бебарқӣ дар кишварро кам кард ва аз тарафи дигар коҳиши тавлидоти корхонаи Талко дар паи бурузи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ боис шудааст, ки нерӯи барқ сарфа шавад. Ҳамчунин, соли равон Тоҷикистон дар фасли зимистон ва камобии нерӯгоҳҳояш аз Туркманистон якмиллиарду дусадмиллион кв.соат нерӯи барқ харидорӣ хоҳад кард.

Аммо як нуктае, ки дар ин муомилот боиси сарусадоҳои мухталиф дар миёни аҳолӣ шудааст, ин аст, ки чаро Тоҷикистон ба хориҷа нерӯи барқро арзонтар аз бозори худӣ, яъне шаҳрвандонаш мефурӯшад. Бархе аз коршиносон, аз ҷумла, Ғуломиддини Сайфиддин, мӯътақид аст, ки масъулони ширкати «Барқи тоҷик» натавонистаанд, манофеи кишварро дар ин замина ба таври шоиста ҳифз кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барқи тавлидшуда аз «Сангтӯда-1» ба нархи гаронтар харидорӣ ва ҳамин тавр ба аҳолӣ гаронтар фурӯхта мешавад. Оқои Сайфиддин дар чунин муомила нақши фасодро истисно намеҳисобад.

Давлати Усмон, коршиноси масоили иқтисодӣ, бар ин назар аст, ки Тоҷикистон наметавонад барои харидорони нерӯи барқаш нархро ба истилоҳ «дикта», яъне, муқаррар кунад. Зеро, ҳарчанд дар фасли гармо Тоҷикистон метавонад то се-чаҳор миллиард кв.соат нерӯи барқ бифурӯшад, аммо набуди бозор ба ин кор монеа мешавад. Оқои Усмон тасмими масъулони соҳа дар мавриди нархро дуруст мешуморад.

Сафаралӣ Саъдуллоев, муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик», низ таъкид кард, ки арзонтар фурӯхтани нерӯи барқ на хоҳиши Тоҷикистон, балки воқеияти имрӯзи бозор аст, ки бидуни тардид дар оянда бо пайдо шудани харидорони нав ва роҳҳои алтернативии интиқоли нерӯи барқ ба хориҷ баҳои он низ иваз хоҳад шуд. 

Ба ин тартиб, Тоҷикистон тайи соли равон ба Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон нерӯи барқ содир кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi